Иштироки Раиси Суди ноҳияи Ёвон муҳтарам Камолзода С.И. дар толори Кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтови ноҳия ҳамоиши муҳими сиёсиву иҷтимоӣ таҳти унвони «Терроризм ва хатарҳои он дар таъмини амнияту субот»
Санаи 11-уми декабри соли 2025 дар толори Кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтови ноҳия ҳамоиши муҳими сиёсиву иҷтимоӣ таҳти унвони «Терроризм ва хатарҳои он дар таъмини амнияту субот» баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти ноҳия, роҳбарият ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, имомхатибон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва фаъолон иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо мақсади ҷамъбасти натиҷаҳои амалисозии «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021 — 2025», таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, баланд бардоштани саводи сиёсиву ҳуқуқии аҳли ҷомеа ва ҷалби ҳама қишрҳои ҷомеа ба пешгирии зуҳуроти номатлуби ифротгароӣ ташкил гардид.
Раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин зимни ифтитоҳи ҳамоиш зикр намуд, ки тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат таҳти сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи суботи сиёсӣ имкон дод, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои минтақа ҳамчун давлати орому босубот шинохта шавад. Таъкид гардид, ки дар шароити пуртаззоди ҷаҳони муосир, таҳдидҳои экстремизму терроризм хислати трансмиллӣ дошта, мубориза бо онҳо вазифаи умумии давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд мебошад.
Гуфта шуд, ки дар шароити мураккаби геополитикӣ ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар атрофи сиёсати давлат муттаҳид бошад ва ба ҳар гуна равияву гурӯҳҳои ифротӣ муқовимат намояд. Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз усулҳои нави ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва зарурати пешгирии саривақтии ин гуна таҳдидҳо иттилоъ доданд.
Бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ҷомеа низ андешаҳои созанда матраҳ гардида, доир ба роҳҳои таҳкими тарбия дар оила, назорати ҷиддии фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии равияҳои бегона дар муҳити ҷавонон ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон пешниҳодҳои муҳим иброз гардиданд.
Зикр карда шуд, ки татбиқи Стратегияи ҷумҳуриявӣ нишон доданд, ки ҳамкорӣ ва саъю кӯшиши дастаҷамъона дар муқовимат ба хатарҳои ифротгароӣ натиҷаҳои назаррас медиҳад. Ташкил ва баргузор намудани чунин ҳамоишҳо минбаъд низ ба таҳкими амнияту суботи ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи омодабошии шаҳрвандон нисбат ба таҳдидҳои муосир мусоидат хоҳад кард.
Имомхатибон бо такя ба арзишҳои олии дини мубини ислом, ки динро аз ҳар гуна зӯроварӣ ва ифротгароӣ ҷудо медонанд, ҷавононро ба ахлоқи ҳамида, муттаҳидӣ ва эҳтироми қонун даъват намуда, ифротгароӣ ва хушунатро маҳкум карда, ҷавононро ба аҳлу хулқи нек, муттаҳидӣ ва риояи қонун ҳидоят карданд.


Раиси Суди ноҳияи Ёвон муҳтарам Камолзода С.И. дар чорабинии мазкур баромад намуда, иброз намуданд, ки ҳолатҳои алоҳидаи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, усулҳои нави таблиғоти равияҳои хатарнок дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва зарурати вокуниши саривақтӣ ба чунин хатарҳо ибрози назар намуданд. Қайд намуданд, ки суди ноҳияи Ёвон дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии ноҳияи Ёвон, инчунин мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши гуруҳҳои ҷавонони фаъол, донишҷӯён оид ба методҳои фаъолияти профилактикӣ дар муқовимат бо экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм семинарҳо ва мизҳои мудаввар, ташкилкардашуда, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бевосита иштирок ва баромадҳо менамоянд.


Суди ноҳияи Ёвон 