ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА МУСТАҚИЛИЯТИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН

29–30 ноябри соли 2025 дар шаҳри Сонипати штати Ҳарёнаи Ҷумҳурии Ҳиндустон Конференсияи байналмилалӣ оид ба мустақилияти ҳокимияти судӣ баргузор гардид, ки дар он

намояндагони кишварҳои гуногун дар фазои ҳамкорӣ ва эҳтироми анъанаҳои беҳтарини ҳуқуқӣ ба мубодилаи таҷриба пардохтанд.

Изображение WhatsApp 2025-12-04 в 17.17.30_07f31cd3.jpg

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши сатҳи баланд судяи Суди Олӣ Шерзода Ҷурабек Сангинмурод ва раиси Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Кабирзода Сарфароз Мизроб намояндагӣ намуданд.

Дар ҷараёни конфронс масоили таъмини истиқлоли воқеии судҳо, боло бурдани эътимоди ҷомеа ба адолати судӣ, такмили механизмҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти судии давлатҳои иштирокдор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Изображение WhatsApp 2025-12-04 в 17.17.33_bc12d1f9.jpg Изображение WhatsApp 2025-12-04 в 17.17.27_cc3ed4bb.jpg

Намояндагони Тоҷикистон мавқеи кишварамонро оид ба аҳамияти устувории ҳокимияти судӣ ҳамчун пояи давлатдории ҳуқуқбунёд, ҳифзи анъанаҳои беҳтарини суддорӣ ва зарурати мутобиқсозии таҷрибаи пешрафта ба шароити миллӣ баён намуданд.

Иштирок дар чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ ба таҳкими робитаҳои судӣ, густариши ҳамкориҳои касбӣ ва татбиқи таҷрибаи муосир мусоидат намуда, дар айни замон эҳтироми аслии суннатҳои ҳуқуқии миллии моро боз ҳам пурранг мекунад.

Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон