БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН (10 ДЕКАБР) КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРГУЗОР ШУД

Имрӯз, 5 декабри соли 2025 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои Конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Бобоҷонзода Миҷгона, Директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”Абдураҳим Холиқзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоиён Мадина, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Мавлуда, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам, Раиси иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев ва роҳбари Коалитсияи ташкилотҳои ҷамъиятии «Аз баробарии ҳуқуқӣ-ба баробарии воқеӣ» Гулҷаҳон Бобосодиқова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Изображение WhatsApp 2025-12-06 в 08.30.21_3e6a4b3e.jpg

Дар суханрониҳо таъкид шуд, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини истиқлол ҳуқуқи инсонро ҳамчун арзиши асосии давлатдорӣ пазируфта, санадҳои муҳимми байналмилалиро тасдиқ намудааст. Қонуни асосӣ — Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсонро меҳвари сиёсат ва қонунгузории кишвар муқаррар мекунад ва ҳифзи онҳо тавассути ҳокимияти судӣ таъмин мегардад.

Изображение WhatsApp 2025-12-06 в 08.30.21_05213253.jpg

Зимни нишаст нақши зан дар ҷомеа низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки таърихи тамаддун нуҳуфта бо заҳмати занон аст, ҳарчанд дар давраҳои гуногун онҳо аз бисёр ҳуқуқҳои худ маҳрум буданд. Давлати ҳуқуқбунёди муосир, аз ҷумла Тоҷикистон, бо қабули Конститутсияи соли 1994 баробарии ҳуқуқии зану мардро ҳамчун принсипи устувор эътироф намуд.

Конференсия бо таъкиди он анҷом ёфт, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон пояи рушди ҷомеа буда, ҳифз ва таҳкими онҳо масъулияти ҳамагон аст.

Изображение WhatsApp 2025-12-06 в 08.30.20_88712172.jpg

Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон