БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСИИ ДМТ
Имрӯз, 5 декабри соли 2025 дар пояи кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ баргузор гардид. Ин ҳамоиш ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, 80-умин солгарди таъсиси СММ, оғози солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин ба қабули қатъномаи нави СММ оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои инноватсионӣ барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ бахшида шуд. Чорабинӣ бо иқдоми кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултет ташкил ва баргузор гардид.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои кимиё, профессор Сафармамадзода Сафармамад оғоз ёфт суханоне, ки аз гиребони таҷриба баромада, ба уфуқҳои нав ишора мекарданд.
Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода Иноятулло Шарифҷон, дар ҷараёни нишаст ба дастовардҳои назарраси кишвар дар соҳаи ҳуқуқи инсон изҳори андеша намуданд.
Дар поёни конференсия иштирокчиён қатъномаи ҷамъбастӣ қабул карданд. Таъкид гардид, ки пешниҳодҳои илмӣ, мулоҳизаҳо ва натиҷаҳои бадастомада ба мақомоти давлатии дахлдор ирсол шуда, ҳамчун такони нав барои такмил додани қонунгузорӣ ва пурзӯр намудани пояҳои низоми ҳуқуқии кишвар хизмат хоҳанд кард.
Бо умед эълом шуд, ки ин ҳамоиши байналмилалӣ дар боло бурдани дониши ҳуқуқии мутахассисон, густариши бахшҳои муҳими илмҳои ҳуқуқ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши созгор ва пойдор мегузорад нақше, ки ба ояндаи равшан нигоҳ мекунад ва ҳамзамон ба суннатҳои устувори кишвар такя дорад.
Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди ноҳияи Ёвон 

