Баромади муовини раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Ҳамдамзода А.В. бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам роҳбарият, ҳамкасбони гиромӣ!

Имрӯз мо дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ яке аз санаҳои муҳими давлатӣ — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Ин рӯз нишонаи эҳтиром ва сипосгузорӣ ба Пешвои миллат, рамзи давлатдорӣ ва поягузори давлати муосири тоҷикон мебошад.

Пас аз солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ маҳз бо роҳбарии оқилона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлат таъмин гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои нахустини роҳбарии худ барои барқарор ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ, аз ҷумла таъмини волоияти қонун ва мустақилияти ҳокимияти судӣ, кӯшишҳои беназир анҷом додаанд.

Бо иқдоми созандаи Сарвари давлат, низоми судии кишвар таҷдиди куллӣ ёфт:

– Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти судҳоро танзим мекунанд, такмил дода шуданд;

– Шароити моддиву техникии судҳо беҳтар гардид;

– Истиқлолияти судяҳо таъмин ва мақоми онҳо дар ҷомеа боло бурда шуд;

– Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ амалӣ шуда, ҳокимияти судӣ ба як пояи мустақили давлат табдил ёфт.

Имрӯз судҳои кишвар дар асоси принсипҳои қонуният, адолат ва масъулияти шаҳрвандӣ амал мекунанд, ки ин ҳама самараи сиёсати дурандешонаи Президенти мамлакат аст.

Ҳамзамон, Сарвари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки адолати судӣ пояи давлатдории миллӣ ва кафолати зиндагии осудаи шаҳрвандон мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як корманди мақомоти судӣ бояд ба Пешвои миллат пайравӣ намуда, дар фаъолияти худ қонунмандӣ, поквиҷдонӣ ва адолатро роҳнамо созад.

Ҷашни Рӯзи Президент на танҳо ифтихори давлатдорӣ, балки рамзи вафодорӣ ба Ватан, ватандӯстӣ ва садоқат ба Пешвои миллат мебошад. Ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд ин рӯзро бо ҳисси баланди ифтихор таҷлил намояд ва барои ободиву пешрафти Ватани маҳбуби худ — Тоҷикистон саҳмгузор бошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо, ҳамватанони азизро, ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар хонадон сулҳ, ваҳдат ва файзу баракат орзумандам.

Зинда бод Тоҷикистони азиз!

Зинда бод Пешвои муаззами миллат — Эмомалӣ Раҳмон!