ЧОРАБИНИ ДАР СУДИ НОҲИЯИ ЁВОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳо ид” санаи 26 октябр дар кишвари азизамон Рӯзи кормандони мақомоти судӣ таҷлил карда мешавад. Бо ин муносибат санаи 23 октябри соли равон дар толори суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Вализода И.С. чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.

Нахуст раиси суди ноҳияи Ёвон Камолзода С.И. суханрони намуда, меҳмононро ба идораи суди ноҳия хайрамақдам гуфта суханро ба раиси ноҳияи муҳтарам Вализода И.С. доданд.

Раиси ноҳия сараввал тамоми кормандони ин ниҳодро ба муносибати Рӯзи касбиашон самимона шодбош намуда, иброз доштанд, ки нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Вазифаҳои ҳокимияти судӣ ва таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии тарафҳо дар ҷараёни баҳсу мунозира ва ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.

Судяҳо дар фаъолоияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба кори онҳо манъ аст.

Дар қисмати дигари чорабинӣ ба як қатор кормандони мақомоти судии ноҳия барои фаъолияти босамар дар таъмини волоияти қонун ва иҷрои адолати иҷтимоии шаҳрвандон бахшида ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти судӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби раиси суди ноҳияи Ёвон Камолзода С.И. ба раиси ноҳия муҳтарам Вализода И.С. барои таваҷҷуҳи бевосита ба мақомоти судӣ изҳори сипос ва минатдорӣ баён намуда, расмҳои хотиравӣ гирифта шуд.