ҲУЗУРИ ҲАЙАТИ СУДЯҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

Бо даъвати Суди Олии Халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Коллеҷи миллии судяҳои Чин, ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои судӣ миёни кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ҳайати судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Синтсян-Уйғур (шаҳри Урумчӣ) ва шаҳри Пекин сафар намуда, аз 29 августи то 10 сентябри соли 2025 дар семинари омӯзишӣ оид ба мурофиаи маъмурии судҳои Чин иштирок менамоянд.

1756461545664.jpg Изображение_WhatsApp_2025_08_29_в_17_04_20_5030f647.jpg

Маросими ифтитоҳи семинар бо сухани Муовини раиси Суди миёнаи халқии шаҳри Урумчӣ, ҷаноби Дэн Цзянюан оғоз гардида, роҳбарии ҷаласа аз ҷониби Муовини раиси Суди Олии халқии ВМУ, ҷаноби Чжан Цзянхуа ба уҳда гирифта шуд. Дар доираи барномаи омӯзишӣ иштирокчиён инчунин бо директори Коллеҷи миллии судяҳои Чин мулоқот намуда, дар мавриди таҳкими ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба ибрози андеша карданд.

Изображение_WhatsApp_2025_09_01_в_07_18_30_7e6de521.jpg Изображение_WhatsApp_2025_09_02_в_08_18_55_996f0f65.jpg Изображение_WhatsApp_2025_08_29_в_17_05_20_181d73f3.jpg

Изображение_WhatsApp_2025_09_02_в_08_18_54_d3cfcc75.jpg Изображение_WhatsApp_2025_09_02_в_08_18_54_0c9087ec.jpg Изображение_WhatsApp_2025_09_02_в_08_18_55_742d4059.jpg

Дар кори семинар Муовини раиси Суди Олии Хитой, ҷаноби Тао Кайюань, низ баромад намуда, зарурати таҳкими робитаҳои судӣ миёни Тоҷикистону Чинро таъкид ва мубодилаи таҷрибаро омили муҳим барои такмили фаъолияти судӣ арзёбӣ намуд.

Изображение_WhatsApp_2025_09_02_в_08_19_35_6038ea2e.jpg Изображение_WhatsApp_2025_09_05_в_12_57_19_6c2b659e.jpg

Изображение_WhatsApp_2025_09_06_в_09_50_27_e45cb53c.jpg Изображение_WhatsApp_2025_09_08_в_09_29_37_b80a69ff.jpg Изображение_WhatsApp_2025_09_08_в_09_31_25_62cdbce2.jpg

Суди Пекин.jpg Маркази_омузишии_иероглифии Пекин.jpg Осорхонаи суди олии Пекин.jpg

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ширкат доранд:

·       Раҳимзода Зарина — раиси суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд;

·       Бегмуродзода Исломиддин — раиси суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон;

·       Холдорзода Хусрав — раиси суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон;

·       Ҳамдамзода Алиҷон — муовини раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон;

·       Сатторзода Зебониссо — судяи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон;

·       Турсунзода Шаҳло — судяи ноҳияи Рӯдакӣ.

Ҳамзамон, намояндагони суди Ҷумҳурии Тоҷикистон устодони маҳфили омӯзиширо бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

Изображение_WhatsApp_2025_09_10_в_15_13_05_262e266e.jpg Изображение_WhatsApp_2025_09_10_в_15_11_24_97c1e12f.jpg Изображение_WhatsApp_2025_09_10_в_15_14_11_ef9277f4.jpg

photo_2025-09-10_23-11-33.jpg

Дар анҷоми маҳфили омӯзишӣ роҳбари гурӯҳ Ҳамдамзода Алиҷон бо сухани хотимавӣ баромад намуда, ба ташкилкунандагон изҳори сипос баён кард. Иштирокчиён низ бо сертификатҳо сарфароз гардонида шуданд.

photo_2025-09-10_22-20-50 (2).jpg photo_2025-09-10_22-20-50 (3).jpg photo_2025-09-10_22-20-50.jpg

photo_2025-09-10_22-20-51 (2).jpg photo_2025-09-10_22-20-51 (3).jpg photo_2025-09-10_22-20-51.jpg

Ин иқдом бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои судӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо роҳандозӣ гардида, заминаи муҳими мубодилаи таҷриба ва омӯзиши низоми мурофиавии судии Чин ба ҳисоб меравад.

 

photo_2025-09-10_22-20-49.jpg

Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон