Шанбегӣ — бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист

          Шанбегӣ бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист

Имрӯз санаи 19 июли соли 2025 дар Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон  бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани

муҳити зист ва  дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ баргузор гардид.

Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ба тозаю озода намудани ҳуҷраҳои корӣ, гирду атрофи биноҳо, нарм намудани дарахту гулу буттаҳо машғул шуда,

бо руҳияи баланди ватандорӣ ба пешвози ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатӣ дар шанбегӣ иштирок намуданд.

 

Чунин корҳои ободониву созандагӣ низ рӯзҳои шанбегӣ аз ҷониби аҳли кормандони Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бомаром идома дода мешавад.