Вохӯрии судманди муовинони раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Ёвон бо кормандони Шабакаҳои барқи ноҳияи Ёвон
Вохӯрии судманди муовинони раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Ёвон бо кормандони Шабакаҳои барқи ноҳияи Ёвон
Санаи 3 июни соли 2025 дар бинои Шабакаҳои барқи ноҳияи Ёвон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии суди ноҳияи Ёвон ва супориши Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. дар бораи иқтибосҳо аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқаррар ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, баргузор гардид. Дар ин чорабинии мазкур Муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон Ғанизода Ф.М., муовини раиси суди ноҳияи Ёвон Ҳамдамзода А.В., судяҳои суди ноҳияи Ёвон Садирзода Р., Наимзода Ф., Шарифзода Х.Ш., пристави суди ноҳияи Ёвон Ёрзода М.Ф. ва котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Ёвон Ғафурзода С. бо кормандони Шабакаҳои барқи ноҳияи Ёвон иштирок намуданд.
Дар вохӯрии мазкур Муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон Ғанизода Ф.М., муовини раиси суди ноҳияи Ёвон Ҳамдамзода А.В. ва судяҳои суди ноҳияи Ёвон Садирзода Р. мавзуъҳо вобаста ба иқтибосҳо аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқаррар ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ва инчунин дар бораи стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва фаҳмононидани мазмун ва муҳтавоӣ тағйиротҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки 2-юми апрели соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ таҳия гардидаанд, қабул намуд.
Лоиҳаи сандҳои мазкур дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми марти соли 2025 дода шуд, аз ҷониби Вазорати адлия таҳия гардид.
Тибқи лоиҳаҳо дар Маҷлиси намояндагон вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён муаррифӣ намуда, аз иброз дошт: «Дар таҷриба шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи неруи барқ нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқиро тағйир медиҳанд ё бе пайвасткунӣ ба чунин таҷҳизот барқро истифода мебаранд. Дар натиҷа ба манфиатҳои иқтисодии кишвар зарари ҷиддӣ мерасонанд».
Тибқи лоиҳа ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 2531 илова мегардад, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ пешбинӣ мекунад. Моддаи нави иловашаванда аз се қисм иборат мебошад.
Мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур, барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи барқ, инчунин, истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол татбиқ карда мешавад.
Тибқи қисми 2 моддаи мазкур, ҳамин кирдор агар ба миқдори калон аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Дар асоси қисми 3 ин модда, кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар ба миқдори махсусан калон ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
Миқдори калон ва миқдори махсусан калон дар эзоҳи моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ шарҳ дода шуда, мутобиқи он таҳти мафҳуми ба миқдори калон дар моддаҳои боби 26 андозаи арзиши молу мулке дар назар дошта шудааст, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Ба миқдори махсусан калон арзиши молу мулке фаҳмида мешавад, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Ҳамзамон, дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани ҷинояти дар моддаи мазкур (ба истиснои қисми 3) пешбинишуда агар гунаҳгор то баровардани ҳукми суд зарари моддиро пурра талофӣ намояд, нисбати ӯ ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабудаи дар санксияҳои моддаҳои номбурда пешбинигардида таъин карда мешавад. Дар ин робита ба моддаи 49 кодекси мазкур тағйири дахлдор ворид карда мешавад.
Тибқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаи 382 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ифода карда мешавад.
Дар асоси моддаи мазкур, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷаримаи маъмурӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда мешавад.
Инчунин, яке аз мушкилотҳои калон, ки ба рушди соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсири манфӣ мерасонад нодуруст истифода намудани қувваи барқ ва ё ғайри қонунӣ истифодаи он мебошад. Мушкилот ва проблемаҳои масрафи кувваи барқ метавонанд ба хелҳои гуногун ва омилҳои зиёде вобаста бошанд. Дар таҳлили умумӣ, онҳо метавонанд бо мушкилоти иқтисодӣ, муҳити зист, ва технологӣ рабт дошта бошанд. Баъзе аз мушкилот ва проблемаҳои асосии масрафи кувваи барқ ба ҳисоб меравад. Масрафи зиёди кувваи барқ дар баъзе кишварҳо ё минтақаҳо, ки метавонад бо сабабҳои мухталиф ба мисли беқувватии инфрасохтор, таъмири кам ё норасоиҳои интиқоли барқ дар шабакаҳо иртибот дошта бошад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия», ки дар соли 2009 ба имзо расида буд, ба ҳадафи беҳтар кардани самаранокии истифодаи неруи барқ ва ташвиқи сарфаи он қабул гардид. Тавре ки маълум аст, дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, беҳбудии истифодаи қувваи барқ ва сарфаи он аҳамияти баланд дорад, ки на танҳо сабаби коҳиш ёфтани хароҷоти иқтисодӣ, балки инчунин таъсири мусбат ба муҳити зист мегузорад.
Бо ин мақсад Қонуни ҶТ «Дар бораи сарфаҷўӣ ва самаранокии энергия» 19 сентябри соли 2013, № 1018 қабул карда шуд. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи сарфаҷўӣ ва самаранокии энергия танзим намуда, тартиби истифодаи захираҳо ва маҳсулоти сўзишворию энергетикиро муайян менамояд. Мутобқи қонуни мазкур сарфаҷўии энергия — истифодаи оқилона ва кам кардани талафот дар ҷараёни истеҳсол, таҷдид, интиқол ва истеъмоли энергия мебошад. Ташкилотҳое, ки истеъмолкунандагонро бо захираҳо ва маҳсулоти сўзишворию энергетикӣ таъмин мекунанд, вазифадоранд ба истеъмолкунандагони мазкур аз тарзу усулҳои сарфаи захираҳои энергетикӣ ва самараноктар истифода бурдани онҳо мунтазам маълумот диҳанд, аз ҷумла ин иттилоотро дар шабакаи «Интернет», дар ҳомилҳои коғазӣ ва воситаҳои дигари дастрас ҷойгир намоянд.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28-уми декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, таъкид шудааст, ки вазорату идораҳои дахлдор ва шахсони масъул вазифадор мешаванд, ки ба татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии соҳа, бахусус дар самти кам кардани талафоти барқ, тадбирҳои муассир ва самаранок андешанд. Ин масъала махсусан муҳим аст, зеро талафоти барқ дар ин соҳа ба рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини устувории интиқоли энергетикӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Барои ноил шудан ба ин мақсад, зарур аст, ки лоиҳаҳо ва тадбирҳои гуногун барои беҳтар намудани инфрасохтор ва технологияи энергетикӣ, кам кардани талафот ва ҳифзи муҳити зист амалӣ карда шаванд. Ба ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи барномаҳои самаранок ва пешрафта, ки метавонанд асоси рушди устувор ва ба самар расидани соҳаи энергетикаро таъмин намоянд. Давлат дар назар дорад, ки бо истифода аз технологиҳои навин ва эҷоди шароити муносиб барои таҳияи энергетияи сабз ва самаранок, рушди соҳаи энергетикаи кишварро ба сатҳи баландтар расонад. Инчунин, бо эҷоди инфрасохтори замонавӣ ва ҷорӣ намудани иқтидорҳои нави истеҳсоли энергия, Тоҷикистон хоҳад тавонист саноатии худро бароварда созад, ки дар натиҷа ба рушди иқтисодии кишвар ва беҳтар шудани сифати зиндагии мардум мусоидат мекунад. Бо эътибор ба тағйироти глобалӣ ва ниёзҳои рушди энергетикӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ аҳамияти махсус медиҳад.
Барои муҳофизат кардани соҳаи энергетикаи кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тадбирҳои муассир барои кам кардани талафоти барқ ва беҳтар кардани инфрасохтори энергетикӣ таъкид кардааст. Ҳукумати кишвар инчунин ба истифодаи технологиҳои навин ва сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика аҳамияти махсус медиҳад, ки ба рушди устувор ва беҳтар шудани сифати зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Истеъмоли энергия аз истеҳсоли он ҷудонашаванда аст, зеро он аз иқтидорҳои энергетикӣ ҷудо нест. Ин аз фаҳмиш ва фаъолияти тамоми системаи энергетикӣ, ки маҷмуи захираҳои энергетикӣ, усулҳои истеҳсол, табдилдиҳӣ, тақсимот, истифодабарии онҳо, инчунин воситаҳои техникӣ ва комплексҳои ташкилӣ мебошад, ки таъмини истеъмолкунандагонро бо навъҳои мувофиқ таъмин мекунанд, бармеояд.
Дар заминаи таҳқиқи мазкур камбудиҳои як қатор масъалаҳои марбут ба ин категорияи ҷиноятҳоро дар илми ҳуқуқи ҷиноятӣ, аз ҷумла, омӯзиши масъалаҳои марбут ба объекти бевоситаи ҷиноят, предмети он, муайян кардани дараҷаи зарар ба молу мулк бо роҳи фиреб ё сӯиистифода аз боварӣ зикр кардан зарур аст. Аз таҳлили меъёрҳои қонунгузории ҷиноятии амалкунанда ва қонунгузории ҷиноятии давлатҳои пасошуравӣ оид ба ҷавобгарӣ барои насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки дар қонунгузории амалкунандаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба намудҳои мушаххаси насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ворид намудани меъёрҳои алоҳида саривақти мебошад.
Истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунии ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ дар мавридест, ки шахс ё ташкилот қувваи барқро бе васли дурусти ҳисобот ва бе истифодаи таҷҳизоти ҳисобкунӣ гирифта, истифода мебарад.
Дар маҷмӯъ, агар кирдоре, дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ дубора ба амал ояд, он дар назар дорад, ки яке аз шартҳои ҳуқуқӣ ҷиноятӣ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан асос мешавад.
Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ метавонад таҳдидҳои ҷиддӣ ба бехатарӣ ва муҳити атроф эҷод кунад. Ҳар як фалокат ё садамае, ки бар асари вайрон кардани ин қоидаҳо рӯй медиҳад, метавонад на танҳо ба шахсиятҳо, балки ба ҷомеа низ зарар расонад, баромад намуданд.
Орзу ва ҳадафи ҳар як сокини кишвар расидан ба сатҳи зиндагии боз ҳам беҳтар ва ҳаёти осоишта мебошад. Ин орзуи сокинони кишвар ҳадафи асосии давлату Ҳукумати мамлакат мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф корҳои Ҳукумати кишвар назаррас ва қобили таваҷҷуҳи хоса аст. Дар баробари ин иқдомот ва роҳандозии босамари он ҳар як сокини кишвар бояд саҳмгузор бошад ва набояд канор нишинад. Ҳар як аз аъзои ин ҷомеа барои ноил шудан ба чунин орзуи нек ва мақсади судманди худ ва давлати худ бояд талош намояд. Аз он ҷойе, ки Ҳукумати кишвар барои расидан ба ин ҳадаф рушди соҳаи энергетикаро асоситарин роҳу усул муайян кардаву қарор додааст, пас мо бояд бо истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ дар самти амалӣ шудани ин ҳадаф саҳми худро гузорем.
Сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти неруи барқ мебошад.
Оқибатҳои ҳуқуқии истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ : такмили қонунгузории ҷиноятӣ ва маъмурӣ дар самти ҷавобгарии ҷиноятӣ “Барои вайрон кардани қойда ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ”
Баъди баромадҳо аз ҷониби Муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон Ғанизода Ф.М., муовини раиси суди ноҳияи Ёвон Ҳамдамзода А.В., судяҳои суди ноҳияи Ёвон Садирзода Р., Наимзода Ф., Шарифзода Х.Ш. ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати 10 нафар кормандони Шабакаҳои барқи ноҳияи Ёвон дар содир кардани намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 541 иловаи 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси ошкоро сайёри судӣ дар бинои Шабакаҳои барқи ноҳияи Ёвон ва дар ҳузури кормандони он шуруъ ва баррасӣ гардида, нисбати ҳар як ҳуқуқвайронкунандагон ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10 (даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 750 (ҳафтсаду панҷоҳ) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд.
Пристави суди ноҳияи Ёвон – Ёрзода М.Ф.