КОНФРОНСИ СОЗМОНИ СУДЯҲОИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОНФРОНСИ СОЗМОНИ СУДЯҲОИ СУДҲОИ ҶУМҲУРӢ

8 майи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Суди Олӣ конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

бо иштироки судяҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

 

IMG_9692.JPG

 

Дар кори он, Раис, муовин ва аъзоёни Иттиҳодияи ҷамъиятии «Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

бо тартиби муқарранамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судяҳои ҷумҳурӣ интихоб гардиданд.

Ғайр аз ин, дар конфронси судяҳои судҳои ҷумҳурӣ бо мақсади хоста гирифтан ва пешбарии номзадҳои арзанда ба вазифаи судя ва тақвияти кафолати мустақилияти судяҳо, инчунин гузаронидани санҷиши тахассусӣ ва баррасии масъалаҳои ҷавобгарии интизомии судяҳо аз ҳисоби судяҳои ҷумҳурӣ, ҳайати Коллегияи тахассусии судяҳо интихоб карда шуданд.

IMG_9681.JPGIMG_9784.JPG

Иштирокдорони конфронс масъалаҳои муҳими рушди фаъолияти судӣ, баланд бардоштани нақши мақомоти судӣ

дар таҳкими қонуният ва адолат, ҳамчунин масъалаҳои рушди касбии судяҳо баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон, судяҳое, ки содиқона фаъолияти корӣ карданд бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ин иқдом на танҳо

нишонаи эҳтиром ба таҷриба ва садоқати судяҳо мебошад, балки омили таҳкими анъанаҳои касбӣ ба ҳисоб меравад.

IMG_9864.JPGIMG_9877.JPGIMG_9882.JPGIMG_9886.JPGIMG_9892.JPGIMG_9898.JPGIMG_9907.JPGIMG_9917.JPGIMG_9925.JPG

Дар поёни чорабинӣ барномаи дурнамои Созмон барои солҳои оянда қабул гардид, ки он ба

таҳкими мустақилияти судҳо, такмили малакаҳои судяҳо ва рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ равона шудааст.

IMG_9801.JPG

Созмони судяҳо бори дигар собит намуд, ки бо иттиҳоду якпорчагӣ судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

ба пешбурди ҳар чӣ бештари қонуният ва амалӣ намудани адолати судӣ мебошанд.

IMG_9714.JPGIMG_9796.JPG

Манбаъ : аз сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон