Баргузории машғулияти семинарии судяҳо дар ноҳияи Вахш
Санаи 31 майи соли 2024 дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи Суди вилояти Хатлон дар маҷлисгоҳи МИҲД-и ноҳияи Вахш машғулияти семинарӣ бо судяҳои Суди вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва судяҳои гарнизони ҳарбии вилояти Хатлон бо иштироки судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қамарзода Р., Ғуломзода С., Кенҷазода М.Т., раиси суди вилояти Хатлон Расулзода Н.Ғ, муовини якуми раиси суди ивлояти Хатлон Аҳёзода Ш.С. ва муовини раиси Суди вилояти Хатлон Наимзода П.С. баргузор гардид.
Дар машғулияти семинарии мазкур бо маърӯза 2 нафар судя аз ҷумла:
— Шамсозода А. судяи суди шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи « Омӯзиши бобҳои 52 ва 53 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
— Фирдавс М. раиси суди ноҳияи Балҷувон дар мавзӯи «Иҷрои қарорҳо вобаста ба таъини ҷазои маъмурӣ мутобиқӣ боби 17 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ҳамазамон, дар чорабинии мазкур аз ҷониби судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қамарзода Р., Ғуломзода С., Кенҷазода М.Т. натиҷаи санҷиши фаъолияти судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва гарнизони ҳарбии вилояти Хатлон мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, қайд карда шуд, ки агарчанде ки дар рафти фаъолияти кории баъзе аз судҳо камбудиҳо ҷой доранд, аммо дар маҷмӯъ фаъолияти корӣ хуб аст ва камбудиҳо бартарафшаванда мебошанд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди вилояти Хатлон таҳлили сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ дар моҳи майи соли 2024 гузаронида шуд.
Ёдовар мешавем, ки машғулияти семинарии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, он ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии судяҳо ва ҳалли мушкилотҳои дар таҷрибаи судӣ муайяншуда мусоидат хоҳад кард.