Баргузории машғулияти семинарии судяҳо дар ш.Норак

Санаи 28 июли соли 2023 дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи Суди вилояти Хатлон дар маҷлисгоҳи МИҲД-и шаҳри Норак машғулияти семинарӣ бо судяҳои Суди вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва судяҳои гарнизони ҳарбии вилояти Хатлон бо иштироки  раиси суди вилояти Хатлон Расулзода Н.Ғ., муовини якуми раиси суди вилояти Хатлон Аҳёзода Ш.С. ва муовини раиси Суди вилояти Хатлон Наимзода П.С. баргузор гардид.

Дар машғулияти семинарии мазкур бо маърӯза 4 нафар судя аз ҷумла:

 — Мамарасулзода С. раиси суди н.Қабодиён ва Акрамзода Ҳ. муовини раиси суди ш.Кӯлоб дар мавзӯи «Хусусияти хоси таҳия ва қабули ҳукми айбдоркунанда, дар мавриди тағйир додани банду басти кирдори судшаванда, хориҷ намудани қисмҳои алоҳидаи айби эълоншуда, қисман сафед кардани лаҳзаҳои айбдорӣ»;

Абдуллозода А. судяи суди н.Панҷ дар мавзӯи «Омӯзиши бобҳои 21,22,23 ва 24 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

Саидмуродзода И. судяи суди н.Вахш ва Шарифзода Б. раиси суди н.Восеъ дар мавзӯи «Ҷавобгарии маъмурӣ мувофиқи моддаҳои 22-23-и боби 3 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

Муҳидинзода Б. раиси суди н.Ҷайҳун ва Раҳмонзода Ҷ. раиси суди н.Муъминобод дар мавзӯи «Аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ эътироф ва маскун намудан мувофиқи моддаҳои 24-25-и боби 3 КМ Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди вилояти Хатлон таҳлили сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ дар моҳи июли соли 2023 дар зиннаи кассатсионӣ ва назоратӣ гузаронида  шуд.

Ҳамзамон, раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Н.Ғ. изҳор намуданд, ки таҷрибаи баррасии парвандаҳо дар марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ дар суди вилоят нишон медиҳад, ки дар баъзе ҳолатҳо судяҳо ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ба як қатор камбудиҳои моддӣ ва мурофиавӣ роҳ медиҳанд, ки дар натиҷа боиси аз ҷониби прокурорҳо овардани эътироз, тағйир ва ё бекор кардани санадҳои судӣ мегардад.Таъкид карда шуд, ки минбаъд аз ҷониби судяҳо ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ муқаррароти моддаҳои 63, 71 ва 78 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст татбиқ карда шавад.

Бояд ёдовар шуд, ки машғулияти семинарии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, он ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии судяҳо ва ҳалли мушкилотҳои дар таҷрибаи судӣ муайяншуда мусоидат хоҳад кард.