ИДОМАИ КОРҲОИ ТАШФИҚОТИВУ ТАРҒИБОТӢ

Имрӯзҳо, бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 26 январи соли 2021 ироа гардида буд, дар муассисаву ташкилотҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мулоқоту вохӯриҳои роҳбарият ва судяҳои Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо сокинон, кормандони муассисаҳо ва хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардида истодааст.

Санаи 20 апрели соли 2021 вохўрии навбатӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон бо иштироки раиси Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Абдуллозода Ҷ.А, судя Мирзозода М.Ҳ, ёрдамчии раиси суд Ҳокимзода М.Қ ва котиби суд Файзуллоев Х.Т бо фаъолон ва раисони маҳаллаҳо дар мавзӯҳои: Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», пешгирӣ аз омилҳои номатлуб ба мисли, ифротгароӣ, терроризм, экстремизм ва шомил шудани ҷавонон ба ин гуруҳҳо, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои нашъамандӣ доир гардид.

 

 

Ҳамчунин ширкаткунандагони ҷаласа барои гузаронидани корҳои ободонӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят карда шуданд.