Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории машғулияти семинарии судяҳо дар ноҳияи Вахш

Санаи 24 ноябри соли 2022 дар бинои МИҲД-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон вобаста ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни судяҳои суди вилояти Хатлон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур И.в. раиси суди вилояти Хатлон Аҳёзода Ш.С. ҳамагонро бо Ҷашни 30-юмин солгарди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, вобаста ба таърихи қабули Парчами давлатӣ ва нақши он дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо маърӯза баромад намуданд. Ҳамзамон муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтар Муҳиддинзода С. ва судяи суди ноҳияи Дӯстӣ Ҳамрхонозода У. низ вобаста ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзаҳои алоҳида баромад карданд.

Дар қисмати дуюми ҷамъомад машғулияти семинарӣ бо судяҳои суди вилояти Хатлон, судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон бо иштироки И.в. раиси суди вилояти Хатлон Аҳёзода Ш. ва судяҳои суди вилояти Хатлон Назарзода А. ва Аҳмадзода М. баргузор гардид. Дар машғулияти семинарии мазкур бо маърӯза чор нафар судя аз ҷумла,

  • Солеҳзода Ш.-судяи суди ноҳияи Н.Хусрав дар мавзӯи «Парвандаҳоеро, ки суд бо тартиби мурофиаи махсус баррасӣ менамояд»;
  • Абдуллозода А.Б.-судяи суди ноҳияи Панҷ дар мавзӯи «Асосҳои таъини ҷазо барои содир намудани ҷиноят дар ҳолати ретсидиви оддӣ, хавфнок ва махсусан хавфнок, аз ҷумла барои маҷмӯи ҷиноятҳо ва аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо»;
  • Ҷаъфарзода Л.-раиси суди ноҳияи Дӯстӣ дар мавзӯи «Тартиби кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ тибқи муқаррароти Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  • Иброҳимзода И.-судяи суди ноҳияи Қубодиён дар мавзӯи «Таҷрибаи баррасии судии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 90-93 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида»;

Иловатан дар чорабинии мазкур аз ҷониби роҳбарият ва раисони коллегияҳои судии суди вилояти Хатлон таҳлили сабабу асосҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ вобаста бо парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар зинаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ дар моҳи ноябри соли 2022 гузаронида шуда, раисони суд ва судяҳо барои тайёрӣ ва сифатнок супоридани ҳисоботи оморӣ барои давраи фаъолияти кории соли 2022 вазифадор карда шуданд.

Машғулияти семинарии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, умедвор ҳастем, ки он дар баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо мусоидат хоҳад кард.