Сухани табрикотии раиси суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷамолиддин бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсия

Тавре ба ҳамагон маълум аст, Конститутсия сарчашмаи қонунҳо буда, тамаддуни миллатро муаррифӣ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори давлатҳои соҳибихтиёру дунявӣ баъд аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ шиносномаи хешро қабул намуд, ки дар он иродаи халқ арзиши олӣ эътироф гардида, ба ин восита халқи тоҷик қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд.

Мазмуну муҳтаво ва талаботи ҳар як моддаи санади зикршуда муайянкунандаи мақому манзалати инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа ва кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ мебошанд. Конститутсия тақозои онро дорад, ки дар асоси меъёрҳои он дар кишварамон Ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, пояи он устувор гардад. Ҳамчунин, аҳолии кишварро ба фаъолияти ободкорию созандагӣ, эҳтиром кардани арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ, ҳифзи якпорчагӣ ва амнияти ҷомеаро муайян месозад. Гуфтан ба маврид аст, ки дар Конститутсия пойдориву таҳкими Ваҳдати миллӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои тамоюли тундгароӣ ва ифротидошта, расидан ба қадри Истиқлоли давлатӣ дарҷ гардидааст, ки пайравӣ аз он вазифаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста ёдовар мешаванд, ки танҳо қабули Конститутсия метавонист барои ҳифзи истиқлол ва аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам орад.

Бо вуҷуди он ки Конститутсия дар давраи ниҳоят душвори таърихӣ қабул гардид, он аз ҷониби созмонҳои бонуфуз ва коршиносони ҷаҳон дар қатори беҳтарин конститутсияҳо шинохта шуд. Қобили зикр аст, ки тамоми дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бевосита ё бавосита бо қабули Конститутсия вобастагӣ доранд, зеро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди бомароми иқтисодиёт, дигаргуниҳои бунёдӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва соҳаву бахшҳои дигар аз кафолатҳои конститутсионӣ сарчашма мегиранд.

Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номида, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд. Забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард. Ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

Конститутсияи мамлакат ба ҳар миллат кафолати амният ва истифодаи озодонаи забони модарӣ додааст. Маҳз бо ҳамин хотир дар ҳудуди кишвар даҳҳо рӯзномаву маҷаллаҳо бо забонҳои гуногун чоп мегарданд.

Моро мебояд ба ин муқаддасоти Ватан ифтихор намуда, бо ҳидояти он ба сӯи ояндаи дурахшон ва фатҳи қуллаи мурод қадам бояд занем. Танҳо Конститутсия амнияту озодии моро кафолат дода, донистани муқаррароти он роҳамонро ба сӯи ҳаёти осоишта мекушояд.

Бо истифода аз фурсат Шумо — ҳозирини гиромиро ба муносибат солгарди Рӯзи қабули қонуни асосии кишвар самимона шодбош гуфта, баҳратон сиҳатмандию хонаободӣ ва рӯзгори шод таманно мекунам.