Ноҳияи Панҷ макони баргузории машғулияти семинарии судяҳои вилояти Хатлон

Санаи 26 ноябри соли 2021 дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи Суди вилояти Хатлон дар бинои маъмурии МИҲД-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон машғулияти семинарӣ бо судяҳои Суди вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон бо иштироки муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Бойзода Т.Г. ва муовини раиси Суди вилояти Хатлон Аҳёзода Ш. баргузор гардид. Дар он  чор нафар судя аз ҷумла, Абдуллозода Ҷ.А. раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар мавзӯи «Тартиби баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оиди аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва таълиму тарбияи ноболиғон, моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон», Аламшозода Ф. судяи суди ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон дар мавзӯи «Тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят ва таъини ҷазо барои ҷиноятҳои нотамом, моддаҳои 32 ва 64 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳакимиён К.Қ. судяи суди ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон дар мавзӯи «Таҷрибаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба вайрон кардани қоидаҳои оиномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо» ва Раҳмонзода И. судяи суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар мавзӯи «Баррасии парвандаҳои гражданӣ оид ба барқарор намудан ба ҷойи кори пештара ва рӯёнидани маблағҳои аз муносибати меҳнатӣ бармеомада» бо маърӯзаҳо  баромад намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди вилояти Хатлон таҳлили сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ дар моҳи ноябри соли 2021 гузаронида шуд.

Ҳамчунин, дар  чорабинии мазкур роҳбарияти Суди вилояти Хатлон Ҷаъфарзода Латофат Қаландарро бо сабаби бори дигар дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2021, №294 ба вазифаи раиси суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон таъин гардиданаш, табрик ва муборакбод намуда, дар фаъолияти кориаш муваффақият ва бурдбори таманно намуданд.

Ҳамзамон дар ин ҷамъомад, аз ҷониби роҳбарияти Суди вилояти Хатлон ба собиқ раиси суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Зуҳуриён Холмурод Абдулло бинобар сабаби бо сари баланд ба нафақа баромадан ва дар ин муддат бе нуқсон ва пурсамар фаъолият намуданаш дар мақомоти судӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ карда шуда, номбурда бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

 Чорабинии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, он дар баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо мусоидат хоҳад кард.