Нашъаҷаллобӣ зан ва ду мардро пушти панҷара бурд

Ҳамаи мо худ медонем, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва маънавиёт  ногузир медонад. Мутаасифона дар ҷомеаи имрӯза содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби зани тоҷик боиси нигаронӣ мебошад.

Аз ҷониби суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон санаи 16 июли соли 2021 парвандаи ҷиноятӣ нисбати Идигули Фарух, санаи таваллудаш 20-феврали соли 1996, истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Обшорон, деҳаи Даштобод, Раҷабов Сангалӣ Салимович, санаи таваллудаш 20-сентябри соли 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Норак, Ҷамоати деҳоти Себистон, деҳаи Шақиқи Балхӣ  ва Қубонзода Азиз Шаъбон, санаи таваллудаш 6-марти соли 1995, истиқоматкунандаи шаҳри Норак, Ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Қаратош дар содир намудани ҷиноят бо бандҳои “а,в” қисми 3 моддаи 200 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар рафти мурофиаи судӣ муайян гаштааст, ки судшаванда Идигули Фарух санаи 14-январи соли 2021 бо “Шаҳром” ном шахс, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ ҷустуҷӯйӣ” амал намуда, барои ошкор намудани ҷинояти муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба мақомоти тафтишоти пешакӣ мусоидат мекард), ба ивази маблағи 1800 (як ҳазору ҳаштсад) сомониро аз шахси мусоидаткунанда барои дастрас кардани воситаи нашаъадори навъи “ҳашиш” тариқи телефони мобилӣ судшаванда Қурбонзода Азиз дар ҳудуди ноҳияи Ёвон бо Идигули Фарух вохурда, маблағи зикршударо барои дастрас кардани воситаи нашъадор мегирад. Қурбонзода Азиз аз маблағи 1800 (як ҳазору ҳаштсад) сомонӣ маблағи 200 (ду сад) сомонии онро ҳамчун даромад ба худ гирифта, тариқи телефони мобилӣ бо судшаванда Раҷабов Сангалӣ дар алоқа шуда, оид ба даст овардани воситаи нашъадори навъи «ҳашиш» бар ивази 1600 (як ҳазору шашсад) сомонӣ маслиҳати пешакӣ  намуданд. Раҷабов Сангалӣ аввалҳои моҳи январи соли 2021 дар назди бозори «Гипрозем»-и шаҳри Душанбе аз шахси ба тафтишоти пешакӣ номаълум як микдор воситаҳои нашъадори навъи «ҳашиш»-ро ба ивази 300 (се сад) сомонӣ ғайриқонунӣ то ба маҳалли зисташ ноҳияи Данғара, Ҷамоати деҳоти Себистон, деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ, интиқол додааст.

Мувофиқи маслиҳати пешакӣ Қурбонзода Азиз дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара бо Раҷабов Сангалӣ вохурда, миқдори 21 (бисту як) грамм воситаи нашъадори навъи «ҳашиш»-ро бар ивази 1600 (як ҳазору шашсад) сомонӣ ғайриқонунӣ соҳиб шуда, барои ба Идигули Фарух додан, воситаи нашъадорро то ба минтақаи развилкаи шаҳри Норак интиқол медиҳад. Қурбонзода Азиз дар ҳудуди минтақаи развилкаи шаҳри Норак бо Идигули Фарух вохӯрда, воситаи нашъадори навъи «ҳашиш», ки аз Раҷабов Сангалӣ ғайриқонунӣ қабул намуда буд, ба номбурда медиҳад. Идигули Фарух микдори 21 (бисту як) грамм воситаи нашъадори навъи «ҳашиш»-ро, аз Қурбонзода Азиз соҳиб ва бо худ нигоҳ дошта бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан то ба ноҳияи Ёвон интиқол дода, ба шахси мусоидаткунанда  «Шаҳром» додааст.

Санаи 16-январи соли 2021 шахси мусоидаткунанда «Шаҳром» дар ҳузури шахсони холис баъди гузаронидани чорабинии оперативии харидории озмоишӣ як адад бастаи хурди рангаш сиёҳи дохилаш воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” мавҷудбуда, ки номбурда онро аз шаҳрванд Идигули Фарух дастрас намуда буд, дар бинои ШН Ёвон Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон тариқи тартиб додани санад гирифта шудааст.

Ғайр аз ин боз санаи 2-феврали соли 2021, Идигули Фарух маблағи 2000 (ду ҳазор) сомониро аз шахси мусоидаткунанда «Шаҳром» гирифта, такроран тавассути телефони мобилӣ ба Қурбонзода Азиз занг зада, оид ба муомилоти ғайриқонунии воситаи нашъадори навъи «ҳашиш» бар ивази 2000 (ду ҳазор) сомонӣ маслиҳати пешакӣ намудааст. Қурбонзода Азиз бо мақсади ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва интиқол додани воситаи нашъадор дар ҳудуди ноҳияи Ёвон бо Идигули Фарух вохурда, маблағи зикршуда барои харидорӣ кардани воситаи нашъадорро гирифтааст. Қурбонзода Азиз аз маблағи 2000 (ду ҳазор) сомонӣ маблағи 500 (панҷ сад) сомонии онро ҳамчун даромад барои худ гирифта, такроран дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара бо Раҷабов Сангалӣ вохурда, миқдори 25 (бисту панҷ) грамм воситаи нашъадори навъи «ҳашиш»-ро бар ивази 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ гирифта, ба ноҳияи Ёвон интиқол додааст. Сипас, Қурбонзода Азиз воситаҳои нашъадорро дар маркази ноҳияи Ёвон дар назди чароғаки марказӣ дар зери санг пинҳон намуда, макони пинҳонгоҳро тавассути телефони мобилӣ ба Идигули Фарух расонидааст. Идигули Фарух воситаҳои нашъадори навъи «ҳашиш»-и пинҳоннамудаи Қурбонзода Азизро гирфта, дар назди Бозори марказии ноҳияи Ёвон ба шахси мусоидаткунанда «Шаҳром» додааст. Санаи 2-феврали соли 2021 шахси мусоидаткунанда “Шаҳром” дар ҳузури шахсони холис баъди гузаронидани чорабинии оперативии харидории озмоишӣ як адад бастаи хурди рангаш сиёҳи дохилаш воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” мавҷудбуда, ки номбурда онро аз шаҳрванд Идигули Фарух дастрас намуда буд, дар бинои ШН Ёвон Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон тариқи тартиб додани санад гирифта шудааст.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ санаи  2 феврали соли 2021 Идигули Фарух дар ҳудудҳои ноҳияи Ёвон  ва Қурбонзода Азиз дар ҳудуди шаҳри Норак ва Раҷабов Сангалӣ санаи  3 феврали соли 2021 дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз тарафи кормандони амният дастгир карда шудаанд.

Мувофиқи хулосаи Шуъбаи ташхиси кимиёвии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маводҳои гирифташуда воситаҳои нашъадори навъи «ҳашиш» буда, вазни холиси онҳо дар умум 57,6 (панҷову ҳафт бутуну аз даҳ шаш) граммро такшкил додааст.

Бо ин кирдори қасдонаи худ судшавандагон Қурбонзода Азиз, Раҷабов  Сангалӣ ва Идигули Фарух ҷинояти ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол бо мақсади ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани миқдори начандон калон воситаҳои нашъадори навъи “хашиш” такроран аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакиро содир намудаанд.

Дар натиҷа бо ҳукми суди ноҳия Идигули Фарух, Раҷабов Сангалӣ ва Қубонзода Азиз  дар содир намудани ҷиноят бо бандҳои “а,в” қисми 3 моддаи 200 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  гунаҳгор дониста  шуда,  ба   Идигули Фарух  ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати  8 (ҳашт) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ, ба Раҷабов Сангалӣ ва Қурбонзода Азиз ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати  8 (ҳашт) солу  6 (шаш) моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзур таъин карда шудааст.

  Иброҳимзода Шамсиддин

 Муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон