НАШЪАҶАЛЛОБ ҶАЗО ГИРИФТ


Мутобиқи маълумотҳои оморӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13878 ҷиноятҳои умумӣ (с.2020-12293) ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  12.9 % ё 1585 ҷиноят зиёд мебошад.

Аз шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда, 446 ҷиноятҳои (с.2020-357) марбут ба маводи нашъадор мебошанд, ки дар қиёс ба 6 моҳи якуми соли 2020    24,9 дарсад ё 89 ҷиноят зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар ҷумҳурӣ бақайдгирифташуда, 3,2 дарсадро ҷиноятҳои мухаддиротӣ ташкил медиҳанд.


Иқтибос аз «Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021»


Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон санаи 26 апрели соли 2021 дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Ёвон, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Боймирзоев Муродбек Холович, 17.08.1989 соли таваллудаш, зодаи н.Ёвони в.Хатлон, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, оиладор соҳиби 4 нафар фарзанд, бекор, пеш суд нашудааст, ӯҳдадори ҳарбӣ, бе ҳизб, истиқоматкунандаи ш.Норак, кӯчаи Р.Шодиев, хонаи №142 дар содир намудани ҷиноят бо қисми 1 моддаи 200 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо  баррасӣ намудааст.

Дар рафти мурофиаи судӣ муайян гаштааст, ки судшаванда Боймирзоев М.Х. тахминан моҳи декабри соли 2020 аз маркази шаҳраки Ёвони н.Ёвон аз шаҳрванд «Р.Ё.С.» барои истеъмоли шахсиаш як миқдор воситаи нашъадори навъи «Ҳашиш»-ро ба маблағи 2000 сомонӣ харидорӣ намуда, онро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, ба манзили истиқоматиаш воқеъ дар ш.Норак, кўчаи Р.Шодиев, х.142 интиқол ва пинҳон намуда, як қисми онро худаш истеъмол карда, боқимондаашро моҳи январи соли 2021 бо мақсади дар оянда ба соҳибияти каси дигар фурўхтан бастачаҳо намудааст.

Сипас ӯ санаи 24.01.2021 сол, 32 –адад бастачаҳои воситаи нашъадори навъи «Ҳашиш»-ро ба мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, яъне фурӯхтан бо худ гирифта, ба маркази Ҷ/ш Ёвони н.Ёвон омада, онро ба шаҳрванд Урунов Ҷ.Қ., сокини н.Ёвон, к.М.Турсунзода, б.26, ҳ.52 бар ивази 1300 сомонӣ фурўхтааст.

Баъдан худи ҳамон рӯз, дар натиҷаи амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар н.Ёвон, хариди озмоишӣ гузаронида шудааст, ки дар натиҷа аз Урунов Ҷ.Қ., 32- адад бастачаҳо дар дохилашон воситаҳои нашъадори навъи «Ҳашиш» харидорӣ карда шудааст.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-кимиёвии ШТ (Э) РВКД дар в.Хатлон таҳти №31 аз 01.02.2021 сол, маводҳои аз Урунов Ҷ.Қ. гирифташуда воситаҳои нашъадори навъи «Ҳашиш» буда, вазнаш 16,1 граммро ташкил менамояд.

Инчунин ў санаи 28.01.2021 сол, боз 70-адад бастачаҳои воситаҳои нашъадори навъи «Ҳашиш»-ро ба мақсади соҳибияти каси дигар додан, яъне фурўхтан гирифта, ба маркази Ҷ/ш Ёвони н.Ёвон омада, худи ҳамон рўз бегоҳӣ тахминан соатҳои 19-00 дақиқа онҳоро ба Урунов Ҷ.Қ. бар ивази 2000 сомонӣ фурўхтааст.

Баъдан худи ҳамон рӯз ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ дар к.М.Турсунзодаи Ҷ/ш Ёвони н.Ёвон, Урунов Ҷ.Қ. ҳамчун гумонбар барои бо худ нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор дастгир карда шуда, аз дасти ў  як адад зарфи шишагин, ки дар дохилаш 70-адад бастачаи маводҳои бўи махсусдошта дарёфт карда шуда, ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шудааст.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-кимиёвии ШТ (Э) РВКД дар в.Хатлон таҳти №31 аз 01.02.2021 сол, маводҳои аз Урунов Ҷ.Қ. гирифташуда воситаҳои нашъадори навъи «Ҳашиш» буда, вазнаш 31,0 граммро ташкил менамояд. Ҷамъи умумии вазни воситаҳои нашъадори навъи «Ҳашиш»-и аз Урунов Ҷ.Қ. гирифташуда андозаи 47,1 граммро ташкил менамояд.

Судшаванда Боймирзоев М.Х. бо ин кирдори қасдонаи худ ҷинояти ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристонидан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ба миқдори камро содир намудааст.

Дар мурофиаи судӣ судшаванда Боймирзоев М.Х.  ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, нишондоди худиқрорӣ намудааст.

Дар асоси ҳукми суд Боймирзоев Муродбек Холович дар содир намудани ҷиноят бо қисми 1 моддаи 200 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 (як) солу 6 (шаш) моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш умумӣ таъин карда шудааст.

Раиси суди ноҳияи Ёвон

Абдуллозода Ҷ.А.

  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо нишон додани суроғаи сомона http://yovon.sud.tj иҷозат дода мешавад.