Иштироки кормандони суд дар семинарҳои омӯзишӣ

Санаи 8 ва 9 декабри соли 2021 дар толори хурди МИҲД-и ноҳияи Ёвон, семинари омӯзишӣ барои намояндагони гурӯҳи байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди МИҲД-и ноҳияи Ёвон дар мавзуи «Бозфиристии расмӣ барои расонидани кӯмаки таъҷилӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила» баргузор гардид. Дар кори семинари омӯзишии мазкур ёрдамчии раиси суди ноҳияи Ёвон Ҳокимзода Майҳан фаъолона иштирок намуда, мавсуф дар баробари дигар иштирокчиён дар бораи мазмун ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», мафҳум ва моҳияти бозфиристии ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, бозфиристии расмӣ ва ғайрирасмӣ, маълумот дар бораи мақомотҳои расмӣ ва ғайрирасмие, ки ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила метавонанд ба онҳо муроҷиат намоянд, омӯзиши дастурамалҳои соҳавӣ оид ба ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила ва ғ. маълумоти фарогирро пайдо намуд.