Идомаи корҳои ташфиқотиву тарғиботӣ дар Муассисаҳои таълимӣ

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои дохили идоравии Суди ноҳияи Ёвон ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Барномаи давлатии ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, санаи 10 декабри соли 2021 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон»- и вилояти Хатлон вохӯрии раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Абдуллозода Ҷ.А., муовини раиси суд Ҳукуматзода М.М. ва котиби маҷлиси судӣ Алихонзода И.  бо донишҷӯён, омӯзгорон ва Кумитаи падару модарон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷ.А. дар назди ҳозирин доир ба мавзӯҳои мумбрам аз қабили, бекор кардани ақди никоҳи ҷавон, зӯроварӣ дар оила, пешгирӣ аз ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта, пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, вобаста  ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» (м.90 КҲМ ҶТ), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (м.481 КҲМ ҶТ) ва ғайраҳо  баромад намуданд.

Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд.