Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон- заминагузор ва мунавварсозандаи роҳи бунёдкориҳо дар кишвар

«Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи  XVI  Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастархонашро пурфайз кард»                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон

     Дар бораи Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр нигоштаҳо ва хотираҳои муаррихону шоҳидон, қаламбадастони барҷастаи миллат дар шакли китобу рисола ва мақолаҳо дар матбуоти даврӣ  ба чоп расидааст. Итминон дорем мавриди аҳамият ва паҳлӯҳои гуногуни ин саҳифаи бузургу наҷиби таърихӣ ҳануз ногуфтаҳо зиёданд. Барои дарки ҳамаҷонибаи воқеоти бисёр мубораку мубаррами он иҷлосияи тақдирсоз, заруру равост, ки на танҳо мо бо дарки масъулияти ватандорӣ ва худшиносӣ аз он ёдовар гардем, балки ба тамоми бошандагони ҷомеа, пеш аз ҳама ба насли ояндасози миллат- ҷавонон ва тамоми сокинон муҳимият ва ҷанбаҳои тақдирсозонаи он ҷаласаи таърихиро фаҳмонида, дар заминаи дарки олии ақлонии ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар мағз-мағзи сокинон ҷойгузин намоем.

     Бидуни шакку шубҳа, тарғибу ташвиқи Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун илосияи тақдирсоз, бо муҳиммияти хеш ва шарҳу эзоҳи қарору қонунҳои дар ин ҷаласа қабулшуда, дар байни бошандагони ҷомеа, моро ба сӯи музаффариятҳову зиндагии шоиста ва ифтихори ватану ватандорӣ, худогоҳиву худшиносӣ раҳнамоӣ менамояд. Зеро, ваҳдату ягонагӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба марзу буми кишвар ва муқаддасоти он дар ғанӣ  гардонидани  маънавиёт ва дарки ҳамаҷониба ба равандҳои сиёсӣ, барои пойдории давлат ва бақои он, тақвият ёфтани сулҳу суботи сартосарии кишвар мусоидат намуда, роҳи ояндаи дурахшони кишварро ба ҳамагон нишон хоҳад дод.

     Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар аввалин рӯзҳои таъсисёбии хеш ба душвориҳои взнинтарин рӯ ба рӯ гардида, дар шароитҳои ниҳоят мураккаби таърихӣ ташкил ёфт. Дар шаҳри Душанбе бо истифода аз даъват ва  роҳандозиҳои хоҷагони  бурунмарзӣ бо истифода аз қувваҳои гуногуни сиёсӣ, роҳҳои ғайриконститутсиониро пеша намуда, гирдиҳамоиҳои шадиди  давомнокро бо ҷалби табақаҳои ноогаҳу  дур аз сиёсат ташкил намуда, соҳибистиқлолии ҷумҳуриро зери хавфу хатар гузоштанд. Гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ авзои мамлакатро торафт ноором намуда, дар замири мардум ҳайс ва ноумедиро ба фардо зиёд менамуданд. Таъсиррасониҳои мақсадмандон ва истифода аз тамоми омилҳо, ҳатто  мардуми оддиро ба гурӯҳҳо шомил намуда, бидуни эҳсосу дарки воқеот ба ҳаракатҳои сиёсӣ  кур – курона ворид намуда буд. Вазъ ноором ва пешгӯинашаванда буд. Пӯшида нест, ки ҳатто дар Парлумон ва Ҳукумати онвақта намояндагон ба се гурӯҳ тақсим гардида буданд. Қисмати аввал мавриди рӯзгузаронӣ адои вазифа менамуданд. Гӯруҳи дуюм такя ба дастгириҳои беруна, фаъолияти хешро дар заминаи зӯроварӣ ва истифода аз мансаб роҳандозӣ менамуданд.Гӯруҳи сеюм дар мансабҳои давлатӣ “фаъолият” намуда бетарафӣ ихтиёр намуда, интизори ғолибияти яке аз тарафҳо буданд.

    Гурӯҳҳои мутташакили мансабталошу моҷароҷӯ зимни фаъолиятҳои ғайриконститутсионӣ бо дастгирӣ ва истифодаи маблағҳои калони аз хориҷа ворид мешуда, бо роҳи зӯровариву таҳдид, дар кӯтоҳтарин муҳлат раисони Шӯрои Олӣ, Қадриддин Аслонов ва Сафаралӣ Кенҷаевро аз вазифаашон озод намуданд.Маҳз зери фишори ин гурӯҳҳои яроқбадаст санаи 6-уми сентябри соли 1992 Раҳмон Набиев аз вазифаи президентӣ даст кашида, 11-уми апрели соли 1993 вафот менамояд.Дар қаламрави Тоҷикистони азиз он шабу рӯзҳо аз дасти ин тоифа — “ватанхоҳон”, ҳама меҳаросиданду нигаронӣ менамуданд. Кушторҳо як шакли маъмулии фаъолияти онҳо гардида, ин шакли мубориза ба онҳо “мувафаққият” эҳдо менамуд. Аз бадбахтии бошандагони ҷомеа онҳо ба худ манфиат меҷӯстанд. Дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе кушоду равшан силоҳбадастон дар ҳаракат буданд. Вазъ бисёр муташшаниҷ ва ноором гардида буд.Дар шаҳру навоиҳо садҳо нафар одамони бегуноҳ ҷони хешро аз даст медоданд. Қисмате аз одамон ба фардои нек бовариро аз даст дода, тарки зодгоҳ намуда, иҷборан ба давлатҳои ҳамсоя маскан гирифтанд. Мардуми дар таҳлука афтода бошад, аксаран дар фикри он буданд, ки ин вазъияти тоқатфарсо зудтар бартараф карда шуда, ҳаёт осудаву ором ва адолату инсоф дар ҷомеа роҳандозӣ гардад.

    Вазнинии масоилҳои печида, вазъияти бисёр мураккаб ва пешгӯинашаванда тақозо менамуд, ки барои ояндаи Тоҷикистон мардуми шарафманди он, хусусан фардҳои ба нангу номус ва Ватанпарвару баораш бояд ба по хезанд. Тадбир ҷӯянд. Муколлама намоянд. Роҳи наҷотро пайдо намоянд. Зеро сухан атрофи будан ё аз байн рафтани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мерафт. Аз ин хотир, дар доираи қонун ҳаллу фасл намудани мушкилотҳо даъвати иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо менамуд. Вале бадбахтона дар шаҳри Душанбе гузаронидани он аз лиҳози амниятӣ ноҷову нобаҳангом буд. Бинобар ин даъвати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар қасри фарҳанги Арбоби хоҷагии ба номи Саидхуҷа Урунхӯҷаеви Хуҷанди бостонӣ ба нақша гирифта шуд.

      Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум)  аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992  гузаронида шуд, ки он барои миллати тоҷик ва тамоми бошандагони кишвари азиз тақдирсоз гардид. Ормони доштани давлати миллӣ  пас аз суқути давлати Сомониён бо гузашти ҳазорҳо сол аз нав эҳё гашт. Ба бахти баланди тамоми бошандагони кишвари азиз дар он иҷлосия, вакилони мардумӣ якдилона номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ қабул намуданд.Маҳз омадани ҳамин марди шариф ба ин вазифаи пурмасъулият бақову сафо оварда, гардиши куллиро дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии давлати тоҷикон ба миён овард. Дар он айёми нобасомониву ноадолатиҳо, идома доштани ҷанги таҳмилии бародаркуш, на ҳар шахс ваколат ва масъулияти роҳбарии кишварро ба ӯҳда мегирифт. Маҳз доштани иродаи худододӣ, дарки масъулияти олии хештаншиносӣ ва боварию эътимод ба мардум қулфкушои мушкилотҳо гардид. Имрӯз пас аз рафъи мушкилоту душвориҳои сангин таҳлилу баррасии он осон ба назар мерасад. Вале он бояд, ба якояки мо дарси сабақу омӯзиш қарор  гирад, зеро дар он айём касе ба фардои зиндагии хеш бовар надошт. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорати махсус, масъулияти роҳбарии Тоҷикистонро ба дӯш гирифта, ба дили ҳамагон умеду бовариро ба ояндаи нек ҷойгузин намуд.Маҳз тавассути заҳматҳои шабонарӯзӣ, муҳаббати беандоза ба Ватан, азхудгузаштанҳо, дарки ҳамаҷонибаи мушкилотҳо ва бо камоли ақл ҳал намудани онҳо ва бо шарофати сиёсати муътадилу дурбинонаву фарогир, пайгиронаву пайвандгарона ва некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин иҷлосия — иҷлосияи тақдирсоз унвон гирифт.Маҳз ҳамин иҷлосия заминаи боэътимоди бунёдгузории ҳукумати қонуниву конститутсионӣ, худшиносии миллӣ ва оғози таъмини сулҳу суботи  воқеъиро дар кишвар таъмин намуда, ба дили ҳамагон шӯълаҳои умедро барафрӯхт. Роҳи зиндагии шоистаро натанҳо нишон дод, балки мутантан баҳри зиндагии гуворо тадбирҳо ҷӯста, паи расидан ба зиндагии шоиставу арзанда хизматҳои бузурге намуд. Аз ин хотир мебояд, мо тамоми мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро танҳо дар амалан меҳнати софдилонаву содиқона ва ошиқонаву орифона ба анҷом расонем.Зеро бо гуфтаҳои Пешвои миллат; “Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад”. Аз ин хотир, сабақ гирифтан аз таърих, такрор накардани хатову камбудӣ ва хулоса намудан аз камбудиву норасогиҳо маҳз ба ақли солим ва амали мусбии ҳамагон вобаста аст.

     Таърих собит намудааст, ки халқи шарафманди тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳои мавҷудияти худ бар асари ҳодисаҳои сиёсию иҷтимоӣ рӯзгори басо пуртаҳаввул гузаронида, маҳз туфайли ақлу идрок ва хиради азалӣ, бо шарафмандию сарбаландӣ роҳи рушди босуботи зиндагиро сарбаландона тай намуда, ба сӯи зиндагии ҷовидона  собитқадамона гом ниҳодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволи хеш “Уфуқҳои истиқлол” бо ҳуввияту дарки амиқи таърихӣ мефармоянд; “… Умри миллат  ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост.Мардуми мо ҳанӯз аз бомдоди таърих мардуми соҳибватан ва давлатсоз буда, ниёкони арҷманди мо дар саргаҳи давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаи нахустини ҷомеаҳои мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро ба башарият ато карданд, аммо дар натиҷаи тохтутозҳои пайдарҳами аҷнабиён ва пирӯзии дарозмуддати тирагӣ ба равшанӣ мардуми тоҷик як муддати тӯлонӣ аз идоракунии мустақилонаи давлатдории худ маҳрум монд”. Мақсад аз овардани иқтибос, бори дигар мехостем таваҷҷӯҳи тамоми хонандагони азизро ба муҳимияти масоил равона намоем.Зеро худшиносӣ воситаи асосии расидан ба мақсадҳои олӣ дар ҷомеа мебошад.Дар ин замина бояд мактаби миллӣ қудратманд ва тавоно бошад. Ноил гардидан ба ин мақсад пеш аз ҳама аз мо донишмандӣ, матонати миллӣ, қудратмандии ақлӣ, ватанпарастӣ ва хештаншиносиву худшиносиро тақозо менамояд.Маҳз аввалин хишти ин Кохи баланди давлатдории миллӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум)  дар қасари фарҳанги Арбоби хоҷагии ба номи Саидхуҷа Урунхӯҷаеви Хуҷанди бостонӣ гузошта шуд. Хушбахтона, хиштгузори ин Кохи бегазанд, меъмори ваҳдати миллӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, наҷотбахши миллату давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб мераванд.

     Бе муболиға Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, ташаккули истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон  ва дар равандҳои бунёдкорӣ заминаи мусоид ба миён оварда, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20-мин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон самтҳои асосии марҳилаи рушди давлатдории Тоҷикистонро ба тариқи зайл баён намуда буданд, ки он аз шаш қисмат иборат буда, аз аҳамият холӣ нест;

    “ Самти якум, ҳифзи давлатдории миллӣ мебошад.Мо то имрӯз марҳилаи бисёр мураккаби эҳё ва барқарорсозии давлатдории миллии худро асосан ба анҷом расонидем ва бисёр масъалаҳоеро, ки хоси ин давра буданд, ҳал кардем. Вале масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ҳамчун масъалаи бисёр муҳими ҳаётӣ ҳамоно боқӣ мемонад…

   Самти дуюм, ин масъалаи ҳамаҷониба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ маҳсуб мешавад. Ин масъала хусусан дар раванди ҷаҳонишавӣ ва асри иттилоотӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад…

    Самти сеюм, ба таври огоҳона муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи “ Тоҷикистони соҳибихтиёр – Ватани ягонаи мо” мебошад…

    Самти чорум, рушду такомули фарҳанги сулҳ ва ризоияти  миллӣ ба ҳисоб меравад, ки он бояд ҷавҳари фаъолияти ҳамешагии мардуми мо бошад…

     Самти панҷумро метавон сиёсати рӯ овардан ба ҷавонон номид.Моҳияти асосии ин самт аз он иборат аст, ки барои беҳбуди шароити рушди маънавию ахлоқӣ ва таҳсилу кор ба ҷавонон имкониятҳои муносиб фароҳам оварда шавад…

    Самти шашум, ҳифзи ҳувияти милли дар шароити ҷаҳонишавист”.

    Бидуни тамаллуқ ва манфиат татбиқи амалии меъёрҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ дар мамлакати мо маҳз зери роҳбарии Пешвои миллат ба миён омада, волоияти қонун, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин аз назари татбиқи амалии меъёрҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ бузургтарин корҳо ба сомон расонид шудаистодааст.Дар ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ, хусусан мавриди таҳия ва қабули Конститутсияи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, волоияти мазмун ва меъёрҳои он, гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ ҳамчун ташаббускору буёдгузор ва татбиқкунандаи амалии Конститутсия, ҳамчун омили асосии ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят бузургу арзишманд  аст.

    Дар ин давраи кутоҳ дар саросари кишвар сулҳу ваҳдати комилу сартосарӣ ба миён омад. Дар ҷомеа ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  муҳайё гардида, ба таъмини сатҳи шоистаи зиндагии мардум заминаҳои муҳим гузошта шуда,  муттаҳидӣ, баробарӣ, бародарӣ ва қабл аз ҳама бо дарки масъулиятшиносӣ  халқ дар атрофи ин сиёсат муттаҳид гардида, заминаи боэътимоди бунёдгузории ҳукумати қонуниву конститутсионӣ, худшиносии миллӣ ва  таъмини сулҳу субот дар кишвар бо маром идома дошта, роҳ ба сӯи тамаддуни умумибашарӣ қадам мегузорад.

     Мусалам аст, ки инъикоси рушду тараққиёти босуръати кишвар ва номбар намудани ҳамаи дастовардҳои он дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ дар доираи як мақола, рисола ва ё як китоб ғайриимкон аст. Дастоварду пешравиҳои Тоҷикистони азиз дар даврони соҳибистиқлолӣ бағоят бузурганд. Ин мувафаққиятҳо тавассути сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, ба миён омадааст, ки маҳз  қарорҳои ин Иҷлосияи тақдирсозу наҷотбаш буд, ки дар кишвар  сулҳу ваҳдат барпо гардида ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ такони ҷиддӣ бахшид.

      Имрӯзҳо бо шукргузориҳои хоса, мардуми шарафманди кишвари азизамон, зери таассуроти нек ва хотирмони таҷлил аз сиву як солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагии сартосарӣ, таҳти раҳнамуиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо руҳияи созандаву амалҳои бунёдкорона ва пешрафту шукуфоии ватани маҳбубамон — Тоҷикистон, дар фаъолиятанд.

    Халқи шарафманди Тоҷикистон бо арҷгузорӣ аз музаффариятҳои истиқлолият ва эҳтироми хоса ба қонуну қарорҳои сарнавиштсози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон, ки наҷотбахши истиқлолияти давлатӣ гардидааст, ҷашни сиюмин солгарди онро бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ дар хамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ,  истиқбол  хоҳем  гирифт.

АБДУЛЛОЗОДА ҶАМОЛИДДИН

раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон