Дар хатар монондани шахс бар замми худбоварию бепарвоӣ

 Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017,№323 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тасдиқ карда шудааст, ки Қоидаҳои мазкур тартиби ягонаи ҳаракатро дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд. Таҷрибаи судӣ баёнгари он аст, ки аз муқаррари Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ на ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт ба таври дахлдор бохабаранд.

♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦♦

 

Санаи 21 июни соли 2021 аз ҷониби Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Сафаров Тоҷиддин Раҳматилоевич, 17.09.1998 соли таваллудаш, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон дар содир намудани ҷиноят бо қисми 1 моддаи 127 ва қисми 1 моддаи 212 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар мурофиаи судӣ муайян гаштааст, ки судшаванда Сафаров Тоҷиддин Раҳматилоевич бегоҳии рӯзи 23 марти соли 2021, тахминан соати 19-50 дақиқа, бо автомашинаи сабукрави тамғаи «Дэу Сиелло», рақами қайди давлатиаш 97-32 ДО08, ки онро дар асоси ваколатнома аз 14 октябри соли 2020 идора менамудааст, бо роҳи калони мошингарди самти ноҳияи Ёвон-ноҳияи А.Ҷомӣ наздикии кӯчаи К.Қурбонои шаҳраки Ёвон ба сати деҳаи Сарқамиши Ҷамоати деҳоти Г.Юсуфова ҳаракат намудааст. Ҳангоми ҳаракат дар роҳи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёти худ набаромада, талаботи бандҳои 130 ва 131 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки мутобиқи он ронанда ҳангоми интихоби суръати ҳаракат ронанда бояд маҳдудияти ҳаракатро дар бандҳои 132 ва 133 ҳамин Қоидаҳо муқаррар шудааст ва талаботи воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ, инчунин шиддатноки ҳаракат, дидашавандагии роҳ, хусусият ва ҳолати воситаи нақлиёт ва бори интиқолдиҳандаи он, шароити роҳ боду ҳаво ва дигар омилҳои пасткунандаи шаффофи ҳаворо, ки ба дида шавандагии роҳ ба самти ҳаракат таъсир мерасонад ба эътибор гирад. Дар ин ҳолат шабона ва (ё) ҳангоми дидашавандагии нокифояҳои роҳ суръати ҳаракат бояд ба ронанда имконият диҳад, ки ӯ воситаи нақлиётро дар ҳудуди дидашавандагии роҳ бо самти ҳаракат боз дошта тавонад. Ҳангоми ба вуҷуд омадани монеъа ё хатар барои ҳаракат, ки ронада имконияти дидан онро дорад, ӯ вазифадор аст фавран чораҳо барои паст кардани суръат то пурра боздоштани воситаи нақлиёт андешад. 131. Суръати ҳаракат бояд ба ронанда имкони назорати доимиро аз болои ҳаракати воситаи нақлиёт барои иҷрои талаботи Қодаҳо таъмин намояд» амал карда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагард Солиев Зуҳурбек Абдураҳмонович, ки бо канори рости ин роҳи мошингард ҳаракат мекардааст, бо автомобил пахш намуда, ба номбурда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.

Ҳамчунин судшаванда Сафаров Тоҷиддин Раҳматилоевич пас аз пахш намудани пиёдагард Солиев З.А, дидаю дониста, ки бо ин кирдори худ ба саломатии охирон ҷароҳати ҷисмонии дараҷами миёна расонидааст ва ӯ аз вазъияти барои ҳаёт ё саломатиаш хавфнок қарор дорад, дидаю дониста ҷои ҳодисаро тарк намуда, пиёдагард Солиев З.А.-ро дар хатар монондааст. Сипас барои паноҳ кардани ҷинояти содир намудааш, худи ҳамон лаҳза автомашинаи хешро дар манзили истиқоматии бародараш Сафаров Исматилло Раҳматилоевич, воқеъ дар ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнов, деҳаи Чироғчӣ паноҳ кардааст.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ таҳти №75 аз 29.04.2021 сол дар натиҷаи содир шудани садамаи нақлиёти бо гуноҳи судшаванда Сафаров Тоҷиддин Раҳматилоевич ба саломатии пиёдагард Солиев З.А. ҷароҳатҳои ҷисмонии дараҷаи миёна расонида шудааст.

Ҳамчунин мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-автотехникии ШТЭК РВКД дар вилояти Хатлон, таҳти №93 аз 08.04.2021 сол дар ҳолати ба вуҷуд омада, ронандаи автомашинаи сабукрави тамғаи «Дэу Сиелло», рақами қайди давлатиаш 97-32 ДО08, яъне судшаванда Сафаров Тоҷиддин Раҳматилоевич талаботи бандҳои 130 ва 131 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намуда, боиси ба амал омадани садамаи нақлиёти гаштааст.

Бо ин кирдори беэҳтиётионаи худ Судшаванда Сафаров Тоҷиддин Раҳматилоевич ҷинояти аз ҷониби идоракунандаи автомобил вайрон кардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё истифодаи воситаи нақлиёт, ки аз беҳтиётӣ боиси расонидани зарари миёна ба саломатии инсон гаштаро ва ҷинояти барои дар хатар монондан, яъне дидаю дониста нарасонидани ёрӣ ба шахсе, ки дар вазъияти барои ҳаёт ё саломатиаш хавнок қарор дорад, ҳангоме, ки шахси гунаҳгор метавонист ба ин шахс ёрӣ расонад ва вазифадор буд, ки нисбати ӯ ғамхорӣ намояд ё худаш ӯро дар ҳолати барои ҳаёт ва саломатиаш хатарнок гузоштаро содир намудааст.

Бо ҳукми суд Сафаров Тоҷиддин Раҳматилоевич дар содир намудани ҷиноят бо қисми 1 моддаи 212 ва қисми 1 моддаи 127 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии қисми 2 моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои вазнин, ҷазои ниҳоӣ дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 1 (як) сол бо нигоҳ доштани 20 (бист) фоизи музди меҳнат ба фоидаи давлат, дар ҷойҳое, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, вале дар ноҳияи истиқоматии ӯ ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати 1 (як) сол таъин карда шудааст.

Раиси суди ноҳияи Ёвон

Абдуллозода Ҷ.А.

  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо нишон додани суроғаи сомона http://yovon.sud.tj иҷозат дода мешавад.