Чеҳраи мондагор-Рӯдакӣ

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ — қофиласолори адабиёти тоҷику форс

‎(858 — 941)

Рӯдакӣ дар воқеъ вассоф ва тараннумгари беҳамтои арзишҳои воло ва абадии маънавӣ — ватанпарастӣ, одамият, адолатхоҳӣ, дӯстиву рафоқат, саховат ва накукориву хайрандешӣ буд. Хизмати Рӯдакӣ дар такомули забони тоҷикии форсӣ низ хеле бузург аст. Маҳз ӯ ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде сайқал доданд, ки он ба забони меъёри илму адаб табдил ёфта, боиси мондагорӣ ва густариш пайдо кардани он гардид. Ва имрӯз ин забон на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар форсигӯён хизмат мекунад, балки чун забони байналмилалӣ асрҳои зиёд дар ривоҷи илму адаб ва фарҳанги аҳли Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Осиёи Хурд, Ҳинду Покистон ва кишварҳои дигар таъсири калон гузоштааст.

Барои мо — тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ифтихори бузург аст, ки бо қарори ЮНЕСКО соли 2008 ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон 1150-солагии фарзанди арҷманди халқи тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро таҷлил намуданд.

Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Дар осмони баланди назм шеъри тобноки устод Рӯдакӣ ҳамеша фурӯзон хоҳад монд. Халқи тоҷик чун нишони сипосу эҳтиром ноҳия, чандин муассисаҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангӣ, хиёбони марказии пойтахти Тоҷикистон ва чорбоғи бузургро ба номи фарзанди бузурги хеш — Рӯдакӣ гузошта, дар зодгоҳи шоир — деҳаи Панҷрӯд мақбараашро обод сохт ва муҷассамаҳои боҳашамати ӯро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Файзободу Рӯдакӣ бунёд кард.

Мукофоти давлатии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт ва санъат низ номи Рӯдакиро дорад. Бо қарори Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин ҳама таҷассуми эҳтироми бузург ва муҳаббати бепоёни халқи мо ба соҳибқирони шоирон, устод Рӯдакист.

Иқтибос аз китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон