Чеҳраи мондагор-Носири Хусрави Қубодиёнӣ

Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз ҷумлаи чунин бузургони фарҳангу хиради миллати тоҷик ба шумор меравад, ки умри азизи хешро баҳри худшиносӣ, ситойиши ифтихори миллию ватандорӣ ва раҳоиш аз зулму истибдоди аҷнабиён, хурофот ва дигар падидаҳои манфӣ сарф кардааст.

Воқеан, ӯ чун як фарди миллатдӯст, озодманиш ва инсонпарвар баландтарин арҷро ба инсони бедордилу ватанхоҳ мегузорад ва то вопасин нафаси умр дар роҳи ватанпарастӣ талош меварзад. Ин шоир ва мутафаккири бузург аз худ осори гаронбаҳои илмиву адабӣ боқӣ гузоштааст, ки «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Кушоиш ва раҳоиш», «Сафарнома» ва «Девони ашъор» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Овони кӯдакӣ ба балоғати ӯ дар Шаҳри Тӯс, Тахти Қубод, Тахти Сангин, Қалъаи Мир, Кайқубодшоҳ ном шаҳристонҳои қадимаи Каёниён ва Бохтари бостон, ки воқеъ дар қаламрави Тоҷикистони имрӯзаанд, гузаштааст. Меҳри ин сарзамини аҷдодӣ дар ташаккули ғояҳои ватандӯстӣ ва истиқлолхоҳии ӯ нақши якумрӣ бозидааст. Ӯ дар айни замон истеъдоди фитрии шоириашро дар мактаби адабии Рӯдакӣ ва дигар сухансароёни аҳди Сомониён сайқал дода, аз асолати забони модарӣ ва фарҳанги волои миллати хеш ба ҳадди аъло бархӯрдор гаштааст.

Носири Хусрав чун Фирдавсӣ ситоишгари хирад ва хирмандист. Хирадмандӣ дар осори ин мутафаккири бузург бо имону диёнат, покизакориву покдоманӣ баробар аст. Ӯ инсонро ҳадафи аслии офариниши олам дониста, хираду донишро василаи асосии худшиносии инсон мешуморад.

Иқтибос аз китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон