Бародаркуш ба мақсад нарасид

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

(м.5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)


Боиси таассуф ва нигаронист, ки имрӯзҳо дар ҷомеа дар вуҷуди баъзе аз ҷавонон ҳеҷ гуна нишони меҳру муҳаббат, садоқат ва раҳму шафқат нисбат ба бародару хоҳарони хеш намондааст.

Чунончи, санаи 16 апрели соли 2021 аз ҷониби Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Саидов Сайбурҳон Мадалиевич, 18 апрели соли 1982 таваллудаш, зода ва истиқоматкунандаи  ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфова, деҳаи Навкорам, дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 32 қисми 3- қисми 1 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида  мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар рафти мурофиаи судӣ муайян гаштааст, ки судшаванда Саидов Сайбурҳон санаи 20 декабри соли 2020, соатҳои 1900 дақиқа дар ҳолати мастӣ аз шароб қарор дошта, ба манзили истиқоматии падараш Саидов Мадалӣ воқеъ дар ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфова, деҳаи Навкорам ҳозир шуда, муайян намудааст, ки бародараш Масаев Расул Мадалиевич ҳамроҳи падару модараш хӯроки шом хӯрда истодаанд ва номбурдаро бо ишораи даст ба наздаш даъват намудааст. Сипас ҳамроҳ бо бародараш Масаев Расул Мадалиевич ба саҳни ҳавлии беруни  манзили истиқоматӣ рафта, дар он ҷой аз хусумати пешакӣ доштааш нисбати бародараш дашномҳои қабеҳ намуда, бо охирон муноқиша намудааст, ки падару модараш ӯро аз саҳни ҳавлӣ берун кардаанд. Сипас ӯ ба роҳи калони мошингарди самти ноҳияҳои Ёвон-А.Ҷомӣ наздик шуда, бо падараш ки ҷиҳати ором кардани ӯ аз пасаш омадаистода вохӯрда, дар ҳамин лаҳза бародараш Масаев Расул ба наздаш омда якҷоя бо падар кӯшиш намудаанд, ки ӯро ором карда, ба хонаи падараш баргардонанд. Судшаванда Саидов Сайбурҳон бо дидани бародараш Расул дар ғазаб омада, корди ошхонагии қадшаванда, ки бо худ доштааст аз ҷайби кастюми варзишиаш бароварда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани бародараш Расул ба узвҳои ҳаётан муҳими охирон якчанд зарбаҳо задааст. Шаҳрвандони Аркадев Юра ва Ҷабборов Рустам ин ҳолатро дида, Расулро аз дасти судшаванда Саидов Сайбурҳон халос намудаанд, ки дар ин вақт ба онҳо низ ҷароҳати ҷисмонии ночиз расидааст. Сипас Расул ба воситаи наздиконаш ба беморхона интиқол дода шуда, ҷинояти қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани Расул бо сабабҳои ба судшаванда Саидов Сайбурҳон вобастанабуда ба охир нарасидааст.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ таҳти №14 аз 22 декабри соли 2020 дар натиҷаи содир шудани ҷинояти мазкур Масаев Расул ҷароҳати ҷисмонии сабук ба саломатиаш бардоштааст.

Бо ин кирдори худ судшаванда Саидов Сайбурҳон ҷинояти сӯиқасди одмакушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт мањрум сохтани одами дигарро содир намудааст.

Бо ҳукми суд судшаванда Саидов Сайбурҳон дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 32 қисми 3- қисми 1 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) сол бо адо намудани ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии дорои низоми пурзур таъин карда шуд.

Ҳукуматзода Муҳаммад

муовини раиси суди ноҳияи Ёвон

  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо нишон додани суроғаи сомона http://yovon.sud.tj иҷозат дода мешавад.