СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР МАВЗӮИ «ТАТБИҚИ АМАЛИИ КОДЕКСИ МАДАНИИ ҶТ ВА КОДЕКСИ МАНЗИЛИ ҶТ» ДАР СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 26 майи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзӯи «Татбиқи амалии Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар семинар устодони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, аз ҷумла мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, д.и.ҳ., профессор Ғаюрзода Ш.К. ва ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ Хоҷамуродов Д.Г. бо маърӯза баромад намуданд. Дар семинари мазкур инчунин, муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода С.С, муовинони раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З., Хайриддинзода А., раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аззизода З.Н., раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Ш., раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Р.А., судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон ва судяҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок доштанд.