Қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Суди вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон

Рӯзи 29 апрели соли 2023 дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба номи Тағоймурод Хушвахтов аз ҷониби муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон Аҳёзода Шамсулло Салим ва муовини раиси Суди вилояти Хатлон Наимзода Пайрав Сулаймонӣ қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур теъдоди зиёди шаҳрвандон иштирок ва бо саволҳои ҳуқуқии худ муроҷиат намуда, аз ҷониби роҳбарияти Суди вилояти Хатлон ба суолҳои худ ҷавоби муфассали ҳуқуқӣ гирифтанд. Бояд ёдовар шуд, ки баргузории қабули сайёри шаҳрвандон дар маҳаллҳо самти афзалиятноки фаъолияти кории мақомоти судӣ буда, он ҷиҳати он ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба роҳ монда шудааст.