Шаҳри бостонии Кӯлоб макони баргузории машғулияти семинарии судяҳо

Санаи 31 марти соли 2023 дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи Суди вилояти Хатлон дар бинои маъмурии суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон машғулияти семинарӣ бо судяҳои Суди вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Н.Ғ, муовини раиси Суди вилояти Хатлон Табарзода И. ва сардори Раёсати судҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Додозода А. баргузор гардид.
Дар машғулияти семинарии мазкур бо маърӯза чор нафар судя аз ҷумла:
-Раҳмонзода Х. раиси суди ноҳияи Фархор дар мавз ӯи «Беътибор донистани шартномаҳои хариду фурӯши манзили истиқоматӣ ва бадастоварандаи бовиҷдон эътироф намудан»;
-Шукурзода Н. раиси суди ноҳияи МСА Ҳамадонӣ дар мавзӯи «Баррасии парвандаҳои оилавӣ вобаста ба эътирофи аъзои оилаи молик ва маскун намудан ба манзили истиқоматӣ»;
-Асламзода Ш. судяи суди ноҳияи Мӯъминобод дар мавзӯи «Муқаррароти қонун ва таҷрибаи судӣ оид ба ҷазои ҷарима, иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ки барои содир намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ таъин шудаанд, аз ҷумла барои маҷмӯи ҷиноятҳо»;
-Табарзода Қ. Раиси суди ноҳияи Ховалинг дар мавзӯи «Омӯзиши бобҳои 5,6,7 ва 8-и Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди вилояти Хатлон таҳлили сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ дар моҳи марти соли 2023 гузаронида шуд.
Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур сардори Раёсати судҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Додозода А. маълумотнома вобаста ба натиҷаи санҷиши гузаронидаи Раёсати судҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти корӣ дар судҳои ноҳияи Ёвон, шаҳри Норак, шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Восеъ ва ноҳияи Фархорро мавриди муҳокима қарор дода, судяҳоро ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои зимни санҷиш муайяншуда дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин вазифадор намуд.
Чорабинии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, он дар баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии судяҳо мусоидат хоҳад кард.