ИСТИҚЛОЛИЯТ- САРЧАШМАИ МУВАФФАҚИЯТУ МУЗАФФАРИЯТ

Баъди чанд рўз миллати соҳибтамаддуну бофарҳанги тоҷик, аз он ҷумла мардуми шарафманди ноҳияи Ёвон ҷашни бузург ва мубораку муқаддас- 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Аслан 31 сол дар муқоиса бо таърихи гузаштаи миллатҳои бостонӣ, аз ҷумла тоҷикон, фосилаи чандон тулонӣ нест, вале бовуҷуди ин дар ин муддат мо таҷрибаи давлатдории пешрафтаи ҷаҳонӣ, омилҳои сиёсиву таърихӣ ва фарҳанги миллиро дар марҳилаҳои гуногуни таърихи халқамон омўхта, мамлакатро аз вартаи фанову нестшавӣ раҳоӣ бахшида, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои давлатӣ- Нишон, Парчам ва Суруди миллиро қабул кардем. Артиши милливу Қушунҳои сарҳадиро ташкил додем, бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва майлу ормонҳои мардум Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда, роҳи эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтем. Ва инак 31-сол аст, ки фарзанди мудаббири тоҷик, сиёсатмадори тавоно ва ояндабин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон киштии Истиқлолиятро бо хирадмандию ҷасорат ва дурандешонаю оқилона роҳнамоӣ карда, дар оромишу сафо ба сарманзили муроду мақсуд ҳидоят карда истодаанд.

Ноҳияи Ёвон ҳамчун як гўшаи зебои Тоҷикистони азизи мо дар даврони Истиқлолият ба дастовардҳои зиёди иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардид. Аз файзи Истиқлолият ва тавассути кору фаъолияти босамари заҳматкашони ноҳия диёри мо рўз то рўз ободу зебо гашта истодааст.

Танҳо ҳаминро қайд намудан кофист, ки дар ин муддат ноҳияи мо аз ноҳияи аграрӣ-саноатӣ ба  ноҳияи индустриалӣ-аграрӣ табдил ёфт. Обрўю нуфузи ноҳия ва ҷумҳурии мо тавассути истеҳсоли семент дар ду корхонаи калонтарин ба миқёси ҷаҳонӣ бардошта шуд. Зеро қисми зиёди сементи истеҳсолшавандаи корхонаҳои мо ба хориҷи кишвар содирот карда мешаванд.

Истиқлолият қутбнамоест, ки моро ба сўйи асолати милливу ифтихори ватандорӣ роҳнамоӣ карда, барои расидан ба рўзгори ободу осуда ва ҷомеаи мутамаддин ҳидоят менамояд ва аз ин нуқтаи назар мо бояд шукри ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварда, ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва заҳматҳои дар ин ҷода кашидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем, баҳри ҷомаи амал пўшидани мақсад ва ниятҳои неки ин фарзанди фарзонаи миллат нерў, ғайрат ва ҳиммати хешро дареғ надорем. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда кулли сокинони ноҳияро ба ифтихори  ин ҷашни миллӣ табрик ва таҳният гуфта, ба ҳама саодати рўзгор, шодкомиву пирўзӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоем.

 Садирзода Рустам,

судяи суди ноҳияи Ёвон