Шанбегӣ бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ

Санаи 3 сентябри соли 2022 дар Суди ноҳияи Ёвон  бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни пуршукӯҳи 31-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ баргузор гардид.

Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ба тозаю озода намудани ҳуҷраҳои корӣ, гирду атрофи биноҳо, нарм намудани дарахту гулу буттаҳо машғул шуда, бо руҳияи баланди ватандорӣ ба пешвози ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатӣ дар шанбегӣ иштирок намуданд.