Хуросон макони баргузории машғулияти семинарии судяҳо

Санаи 26 августи соли 2022 дар асоси нақшаи тасдиқшудаи Суди вилояти Хатлон оид ба гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ, дар бинои МИҲД-и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон машғулияти семинарӣ бо судяҳои Суди вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон бо иштироки муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Ш., раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Т.Қ. ва муовини раиси Суди вилояти Хатлон Аҳёзода Ш. баргузор гардид. Дар машғулияти семинарии мазкур бо маърӯза чор нафар судя аз ҷумла,

  • Амиршозода Д.-судяи суди ноҳияи Вахш ва Муҷиддинзода А.-судяи суди шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Тартиби баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва гурезаҳо мувофиқи моддаҳои 497-499 КҲМ ҶТ»;
  • Мирзозода А.-судяи суди ноҳияи Кӯшониён дар мавзӯи «Омӯзиши Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон бобҳои 7-11»;
  • Садирзода Р.С.-судяи суди ноҳияи Ёвон ва Шамсзода А.-судяи суди шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Асосҳои умумии таъини ҷазо аз ҷумла, дар мавриди ҷой доштани маҷмӯи ҷиноятҳо, ки яке аз онҳо дар давраи ноболиғӣ ва дигаре ҳангоми болиғӣ содир шудааст»;
  • Муҳидинзода С.-муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтар дар мавзӯи «Меросгирӣ аз рӯи васиятнома ва беэътибор донистани васиятнома»;

Дар ҷамъомади мазкур муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Ш. дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳангоми таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ санаи 19 августи соли 2022 аз қабили, содир гардидани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ байни судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо; ҳангоми баррасии парвандаҳо роҳ надодан ба кашолакорӣ ва аз ҳама муҳим ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ байни судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ва супоришҳои бевоситаи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиёнро ба саъми судяҳо расонидаанд.

Иловатан дар чорабинии мазкур роҳбарият ва раисони коллегияҳои судии Суди вилояти Хатлон таҳлили сабабу асосҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ вобаста бо парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар зинаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ дар моҳи августи соли 2022 гузаронида шуд.

Машғулияти семинарии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, умедвор ҳастем, ки он дар баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо мусоидат хоҳад кард.