Машғулияти семинарӣ дар ноҳияи Ҷайҳун

Санаи 23 июни соли 2022 дар асоси нақшаи тасдиқшудаи Суди вилояти Хатлон оид ба гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ, дар бинои МИҲД-и ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон машғулияти семинарӣ бо судяҳои Суди вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон бо иштироки муовини раиси Суди вилояти Хатлон Аҳёзода Ш. баргузор гардид. Дар машғулияти семинарии мазкур бо маърӯза чор нафар судя аз ҷумла,

  • Муҳидинзода С.-муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтар дар мавзӯи «Таъини ҷазои асосӣ ва иловагӣ мувофиқи моддаи 48 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  • Назарзода З.-судяи суди шаҳри Норак дар мавзӯи «Таҷрибаи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои гражданӣ оид ба эътироф намудани ҳуқуқи моликият ба молу мулки ба гарав гузошташуда, рӯёнидани фарқияти арзиши амволи ба гарав гузошташуда мувофиқи КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  • Абдуллозода Ҷ.А.-раиси суди ноҳияи Ёвон дар мавзӯи «Таҷрибаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ мутобиқи КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  • Иброҳимзода Ш.-муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон дар мавзӯи «Тақсими манзили истиқоматии зану шавҳар ҳамчун моликияти муштарак мутобиқи КО Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамзамон дар чорабинии мазкур вобаста ба ҷашни пуршукӯҳи 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар таҳкими ҳокимияти судӣ аз ҷониби судяҳо баромадҳо карда шуд.

Иловатан дар чорабинии мазкур роҳбарият ва раисони коллегияҳои судии Суди вилояти Хатлон таҳлили сабабу асосҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ вобаста бо парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар зинаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ дар моҳи июни соли 2022 гузаронида шуд.