Иштироки раиси суди н.Ёвон Абдуллозода Ҷ.А. дар чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар н.Ёвон

Санаи 25 июни соли 2022 бахшида ба ҷашни 25-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон ба номи Тағоймурод Хушвахтов бо иштироки фаъолон, собиқадорон, кормандони бахшу сохтори мақомоти иҷроия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла, раиси суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷамолиддин  Абдулло  чорабинии ботантана баргузор шуд.

Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки ҳар яки мо бояд як нуктаи бисёр муҳимро доим дар хотир дошта бошем, ки шарти муҳимтарини хушбахтии инсон зиндагӣ дар Ватани орому осуда ва ободу зебо мебошад.

Агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ тадриҷан бартараф карда мешаванд.

Дар идома ҳунармандони театри “Оина”-и назди Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаҳои ҷолибу рангини консертӣ рӯи саҳна омада, хотирини ҳозиринро шод ва ба тантанаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳусни идона зам намуданд.