Иштироки раиси суди н.Ёвон Абдуллозода Ҷ.А. дар Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи н.Ёвон, даъвати шашум

Санаи 24 июни соли 2022 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Ёвон ба номи Тағоймурод Хушвахтов  Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, даъвати шашум баргузор гардид.

Иҷлосия таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро доир гардида, дар кори иҷлосияи намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муовини сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои вилояти Хатлон муҳтарам Исматзода Тоҷиддин, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомот ва дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла, раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони воситаиҳои ахбори омма ва дигар фаъолон иштирок доштанд.