Баргузории вохӯрии судманд бо сокинон ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои дохили идоравии Суди ноҳияи Ёвон ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Барномаи давлатии ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва фаҳмонидани мазмун ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 январи соли 2021, №1753, санаи 31 марти соли 2022 дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон вохӯрии раиси Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло ва котиби маҷлиси судӣ Алихонзода Искандар бо сокинон, раисони маҳал, вакилони Ҷамоат, кормандони дастгоҳи Ҷамоат, директорони МТМУ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, занону ҷавонон ва дигар фаъолон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур раиси Суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло дар назди ҳозирин доир ба мавзӯҳои мумбрам аз қабили:
- Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 январи соли 2021, №1753;
- бармаҳал бекор гардидани ақди никоҳи ҷавон;
- вобаста ба рӯёнидани алимент барои таъминоти фарзандони ноболиғ;
- ҷой доштани зӯроварӣ дар оилаҳо;
- пешгирӣ аз ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта;
- пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ;
- Пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта;
- вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» (м.90 КҲМ ҶТ);
- риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (м.481 КҲМ ҶТ) ва ғайраҳо баромад намуданд.
Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд.