Мастӣ ба пастӣ мебарад

Санаи 3 марти соли 2022 аз ҷониби муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Иброҳимзода Ш.С. парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Бузуклонов Д.С., санаи таваллудаш 10 феврали соли 1986, зодаи ноҳияи Ёвон, миллаташ узбек, маълумоташ миёна, оиладор соҳиби 2 нафар фарзанд, мувақатан бекор, истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Чоргул, деҳаи Қулобод, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Дар рафти мурофиаи судӣ аз ҷониби суд муайян гаштааст, ки ҳуқуқвайронкунанда Бузуклонов Д.С., рӯзи 27 январи соли 2022, соати 00:10 дақиқа бо автомашинаи тамғаи «Старекс», рақами қайди давлатиаш 54-02 NN 01, ҳангоми ҳарақат дар ноҳияи Ёвон дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора кардааст, ки бо ин амалаш номбурда ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 332-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.
Ҳуқуқвайронкунанда Бузуклонов Д.С. дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, нишондоди худиқрорӣ додааст.
Аз ҷониби суд гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда Бузуклонов Д.С. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии мазкур ба ғайр аз худиқрориаш, ҳамчунин бо маводҳои парванда, аз қабили протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳти АВ №000739817 аз 27 январи соли 2022, санади муоинаи тиббӣ аз 27 январи соли 2022, таҳти №41 ва ғайраҳо пурра тасдиқи худро ёфт.
Cуд кирдори ҳуқуқвайронкунанда Бузуклонов Д.С.-ро бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, банду баст карда шудааст.
Ҳангоми таъини ҷазо суд хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содиршуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, вазъи молумулкӣ ва оилавии ҳуқуқвайронкунанда Бузуклонов Д.С.-ро ба инобат гирифта, нисбати ӯ бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 (понздаҳ) шабонарӯз, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 (панҷ) сол таъин карда шудааст.
Иброҳимзода Шамсиддин
муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо нишон додани суроғаи сомона http://yovon.sud.tj иҷозат дода мешавад.