Иштирок дар ҷамъомад бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон

22 феврал бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон чорабиниҳои ҷашнӣ доир гардиданд. Дар оғози чорабиниҳо бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, собиқадорони ҷанговарони байналмилалӣ ва дигар фаъолон дар Қисми низомии 6593 бо шароити аскарон шинос шуданд.
Раиси ноҳия афсарону сарбозон, волидони аскарбачаҳо ва тамоми ҳозиринро муборакбод гуфта, собиқадорони соҳаи мудофиа, масъулине, ки дар дар маъракаҳои даъвати ҷавонон ба сафҳои Артиши миллӣ саҳми арзанда мегузоранд, афсарон ва сарбозони фаъолро бо туҳфаҳои ҷашнӣ сарфароз гардонид.
Дар суханронии Раиси ноҳия аз ҷумла зикр гардид: “Ҷаҳони муосир аз насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстиро тақозо менамояд.
Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як соҳибватан, барои ҳар як ҷавони бонангу ор боиси ифтихор аст. Ҷавонон дар ин мактаби мардонагӣ обу тоб ёфта, аз он дарси ватандӯстӣ меомӯзанд ва баҳри пойдории давлати миллӣ, халалнопазирии сарҳади давлатӣ ва дар арсаи ҷаҳон баланд гардидани нуфузу эътибори Ватани маҳбуби худ садоқатмандона саъю кӯшиш мекунанд. Маҳз чунин ҷавонони далеру ватандӯст кафолати устувории рукнҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва қудрату тавоноии Қувваҳои Мусаллаҳ мегарданд”.
Ҳамчунин, дар ҷамъомади мазкур раиси суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло барои ҳамкориҳои судманд, саҳми арзанда гузоштан дар тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон ва бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Ш.Мирзо бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.
Барномаи консертӣ ки аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия ва сарбозони Қисми низомӣ манзур гардонида шуд, хеле ҷолибу хотирмон буд.