Дар шаҳри Бохтар машғулияти семинарии судяҳои вилояти Хатлон баргузор гардид

Санаи 25 феврали соли 2022 дар асоси нақшаи тасдиқшудаи Суди вилояти Хатлон оид ба гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ, дар бинои Кохи фарҳанги шаҳри Бохтари вилояти Хатлон машғулияти семинарӣ бо судяҳои Суди вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Р.П. ва муовини раиси Суди вилояти Хатлон Аҳёзода Ш. баргузор гардид. Дар машғулияти семинарии мазкур бо маърӯза чор нафар судя аз ҷумла,

  • Исроилзода И. судяи суди ноҳияи Ҷ.Балхии вилояти Хатлон дар мавзуи «Дар бораи таҷрибаи судии татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба таъини ҷазо барои маҷмуи ҷиноятҳо ва таъини ҷазо аз рӯи маҷмуи ҳукмҳо (моддаҳои 67, 68 КҶ ҶТ)»;
  • Мирзозода М. судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар мавзуи «Бекор кардан ва беэътибор донистани ақди никоҳ мутобиқи КО ҶТ»;
  • Сатторзода З. судяи суди ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар мавзуи «Баррасии парвандаҳо оид ба рӯёнидани зарари моддӣ ва маънавӣ мутобиқи КГ ҶТ»;
  • Шерализода З. судяи суди ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон дар мавзуи «Баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мутобиқи Боби 11 КМҲМ ҶТ» бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

 

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби роҳбарият ва раисони коллегияҳои судии Суди вилояти Хатлон таҳлили сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ вобаста бо парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар моҳи феврали соли 2022 гузаронида шуд.

Ҳамзамон дар ин ҷамъомад, аз ҷониби роҳбарияти Суди вилояти Хатлон ба собиқ муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Бойзода Темур Гулбой бинобар сабаби бо сари баланд ба нафақа баромадан ва дар ин муддат бе нуқсон ва пурсамар фаъолият намуданаш дар мақомоти судӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ баён карда шуда, номбурда бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

 Машғулияти семинарии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, он дар баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо мусоидат хоҳад кард.