Нашъаҷаллобиро роҳест кӯтоҳ

Шахсони зиёд нодуруст ба чунин назаранд, ки ҳашиш ба гуруҳи сабуки маводҳои нашъадор шомил буда, ба саломатии инсон безарар ва хуморро ба вуҷуд намеоварад. Бояд донист, ки истеъмоли дилхоҳ маводҳои нашъадор барои саломатии инсон зараровар ва хавфнок мебошад. Ҳашиш низ яке аз намудҳои маводи нашъадор буда, он аз растании бангдона омода карда мешавад.


Суди ноҳияи Ёвон дар маҷлиси ошкорои судӣ санаи 2 июли соли 2021 парвандаи ҷиноятӣ нисбати Хоҷаев Изатулло Раҳматуллоевич, 16 январи соли 1995 таваллудаш, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, миллат тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёнаи нопурра, муҷаррад, муваққатан бекор, уҳдадори ҳарбӣ намебошад, қаблан суд нашудааст, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти М.Турсунзода, деҳаи Истиқлол,  хонаи 54 ва Ҷабборов Абдулло Қурбоналиевич 16 феврали соли 1990 таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллат тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёнаи умумӣ, муҷаррад, пеш суд нашудааст, муваққаттан бекор, беҳизб, уҳдадори ҳарбӣ нест, истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ, бинои 10/1, ҳуҷраи 17 дар содир намудани ҷиноят бо бандҳои “в,г” қисми 3 моддаи 200 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинишударо  барраси намудааст.

Дар мурофиаи судӣ муайян гаштааст, ки  оиди ҳолати ба муомилоти ғайрқонунии маводи нашъадор машғул будани судшаванда Хоҷаев И.Р  ва ҳамаслаконаш дар ШМЗГҒММ-и ШВКД дар ноҳияи Ёвон маълумоти оперативӣ мавҷуд буда, бо мақсади ошкор кардани кирдорҳои ҷинояткоронаи ӯ ва ҳамаслаконаш шахси ихтиёран ба мақомоти корҳои дохили мусоидаткунанда бо номи шартии «Эшон» ба доираи ин гурӯҳ ворид карда шуда, тахминан моҳи феврали соли 2021, Хоҷаев И.Р дар ҳудуди маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе бо шахси ихтиёран ба мақомоти корҳои дохилӣ мусоидаткунанда бо номи шартии «Эшон» вохӯрӣ карда, дар хусуси муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори навъи «Ҳашиш» ба микдори калон маслиҳат кардааст.

Минбаъд Хоҷаев И.Р бо шарики худаш Ҷабборов А.Қ вохурда, бо номбурда дар хусуси машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ба фуруш баровардани маводи нашъадори навъи «Ҳашиш» ба шахси ба мақомоти корҳои дохилӣ мусоидаткунанда ба миқдори калон маслиҳати пешакӣ анҷом додаанд. Ҷабборов А.Қ дар навбати худ бо шиносаш  бо номи Амириддин ном шахс шахсияти пурраи ӯ дар рафти тафтишот муайян карда нашудааст дар тамос шуда, дар хусуси ба муомилоти ғайриқонунӣ баровардани маводи нашъадори навъи «Ҳашиш» маслиҳати пешакӣ кардааст, ки номбурда ба ӯ нархи 1-(як) килограмм маводи нашъадори навъи «Ҳашиш»-ро 20 000-(бист ҳазор) сомонӣ нархгузорӣ кардааст.

Санаи 03.03.2021 сол, Ҷабборов А.Қ бо Хоҷаев И.Р вохӯрда, ба охирин арзиши 1-(як) килограмм маводи нашъадори навъӣ «Ҳашиш»-ро, ки “Амриддин” ном шахс онро 20 000-(бист ҳазор) сомонӣ нархгузорӣ карда хабар дода, дар як вақт байни худ маслиҳат намудаанд, ки бо чунин арзиш онро дастрас намуда, ба шахси ихтиёран ба мақомоти корҳои дохилӣ мусоидаткунанда бо номи шартии «Эшон» ба маблағи 25000 (бисту панҷ ҳазор) сомонӣ ба фурӯш мебароранд. Тибқи маслиҳати пешакии анҷом додаашон, худи ҳамон рӯз Хоҷаев И.Р бо шахси ихтиёран ба мақомоти корҳои дохилӣ мусоидаткунанда бо номи шартии «Эшон» дар тамос шуда, ба номбурда арзиши 1-(як) килограмм маводи нашъадори навъи «Ҳаашиш»-ро 25 000-(бисту панҷ ҳазор) сомонӣ муқаррар намудааст.

Санаи 04.03.2021 сол Хоҷаев И.Р аз рӯи маслиҳати пешакии анҷом додааш бо ҳамаслакаш Ҷабборов А.Қ тавассутаи автомашинаи мусофиркашонии тамғаи «Опел Астра» рақами қайди давлатиаш 6691 RK 01 таҳти идораи ронанда Мунаваров А.М, ки дар бораи ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул будани онҳо хабар надошт, аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Ваҳдат рафтаанд. Дар онҷо Ҷабборов А.Қ, бо “Амриддин” ном шахс вохӯрӣ карда, микдори 1-(як) килограмм маводи нашъадори навъй «Ҳашиш»-ро аз номбурда гирифта, ваъда додааст, ки пас аз ба фуруш бароварданаш маблағи он 20 000-(бист ҳазор) сомониро пардохт мекунад. “Амриддин” ном шахс ба ин пешниҳоди Ҷабборов А.Қ, рози шуда, ба соҳибияти номбурда микдори 1-(як) килограмм маводи нашъадори навъи «Ҳашиш»-ро дода, худаш бо мақсади пас аз хариду фурӯш гирифтани маблағи 20 000-(бист ҳазор)  ҳазор сомониаш бо онҳо рафтааст.

Хоҷаев И.Р ва Ҷабборов А.Қ тибқи маслиҳати пешакии анҷом додаашон амал намуда, пас аз дастрас намудани 1-(як) килограмм маводи нашъадори навъи «Ҳашиш» онро ғайриқонунй ба ноҳияи Ёвон интиқол дода, бо мақсади ба соҳибияти дигар нафар додани он бо роҳи ба фурӯш баровардан, дар ошхонаи бо номи «Роҳат», воқеъ дар ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Даҳана, деҳаи Даҳана бо шахси ихтиёран ба мақомоти корҳои дохилӣ мусоидаткунанда бо номи шартии «Эшон» вохӯрӣ намуда, тахминан соати 19:00 дақиқа ҳангоми ба фурӯш баровардани маводи нашъаовар аз ҷониби кормандони ШМЗГҒММ-и ШВКД дар ноҳияи Ёвон амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар намуди харидори озмоишӣ гузаронида шуда, Хоҷаев И.Р ва Ҷабборов А.Қ дастгир ва аз онҳо дар як селофани полиэтилении рангаш кабуд як микдор маводи рангаш ҷигарии бӯи махсусдошта ба маводи нашъадори навъи «Ҳашиш» монанд дарёфт ва ҳуҷҷатгузорӣ карда гирифта шудааст.Ҳангоми гузаронидани амалиёт оид ба дастгир кардани ҷинояткорон Хоҷаев И.Р ва Ҷабборов А.Қ, шарики ҷиноятпешаашон “Амриддин” ном шахс аз ин ҳолат пайхас шуда, аз ҷойи ҳодиса ба самти номаълум ғайб задааст.

Мувофиқи хулосаи мутахассиси ШТ(Э)К РВКД дар вилояти Хатлон, таҳти №100 аз 12.04.2021 сол, маводҳои аз Хоҷаев И.Р ва Ҷабборов А.Қ гирифташуда, воситаҳои нашъадори навъи «Ҳашиш» мансуб буда, вазнаш 935-(нуҳсаду сиву панҷ) граммро ташкил медиҳад.

Бо ҳукми суд  Хоҷаев Изатулло Раҳматуллоевич ва Ҷабборов Абдулло Қурбоналиевич дар содир намудани ҷиноят бо бандҳои “в,г” қисми 3 моддаи 200 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста  шуда, ба онҳо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) сол бо адо намудани ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии низомашон пурзур таъин кара шуд.

Судяи суди ноҳияи Ёвон

Садирзода Р.С.

  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо нишон додани суроғаи сомона http://yovon.sud.tj иҷозат дода мешавад.