Вохӯрии судманд бо донишҷӯён ва омӯзгорони Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ

Санаи 22 майи соли 2024 бо мақсади дар амал татбиқ намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Барномаи давлатии ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва фаҳмонидани мазмун ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 январи соли 2021, №1753, дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон вохӯрии раиси Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, ёрдамчии раиси суди ноҳияи Ёвон Ҳокимзода Майҳан ва котиби маҷлиси судӣ Тағоев Манучеҳр бо донишҷӯён, омӯзгорон, кумитаи падару модарон ва дигар фаъолон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур раиси Суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло дар назди ҳозирин доир ба мавзуҳои мумбрам аз қабили:
-Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023;
-содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби ҷавонон, алалхусус аз ҷониби донишҷӯён;
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 январи соли 2021, №1753;
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022,№1920;
-бармаҳал бекор гардидани ақди никоҳи ҷавонон;
-вобаста ба рӯёнидани алимент барои таъминоти фарзандони ноболиғ;
-аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун намудан дар манзили истиқоматӣ;
-ҷой доштани зӯроварӣ дар оилаҳо;
-пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта;
-пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ;
-пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта (ифротгароӣ);
-вобаста ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» (м.90 КҲМ ҶТ);
-риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (м.481 КҲМ ҶТ) ва ғайраҳо баромад намуданд.
Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд.