Вохӯрӣ бо донишҷӯён ва омӯзгорони Литсейи касбӣ-техникии №2-и ноҳияи Ёвон

Санаи 7 апрели соли 2023 бо мақсади дар амал татбиқ намудани Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Барномаи давлатии ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва фаҳмонидани мазмун ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 январи соли 2021, №1753, дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон вохӯрии муовини раиси суди ноҳияи Ёвон Ҳамдамзода Алиҷон, судяи суди ноҳияи Ёвон Наимзода Фарҳод, судяи суди ноҳияи Ёвон Мирзозода Манучеҳр, ёрдамчии раиси суди ноҳияи Ёвон Ҳокимзода Майҳан ва мутахассиси пешбари суд Тоҳирзода Хайём бо донишҷӯён, омӯзгорон, кумитаи падару модарон ва дигар фаъолон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини раиси суд Ҳамдамзода Алиҷон, судяи суди ноҳияи Ёвон Мирзозода Манучеҳр ва судя Наимзода Фарҳод дар назди ҳозирин доир ба мавзуҳои мумбрам аз қабили:

  • нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 ва иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми мазкур бармеоянд;
  • пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби ҷавонон, алалхусус аз ҷониби донишҷӯён;
  • баррасии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 январи соли 2021, №1753;
  • фаҳмонидани мазмун ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022,№1920;
  • пешгирӣ намудани бармаҳал бекор гардидани ақди никоҳи ҷавонон;
  • вобаста ба рӯёнидани алимент барои таъминоти фарзандони ноболиғ;
  • аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун намудан дар манзили истиқоматӣ;
  • бартараф намудани сабаб ва шароитҳои оид ба ҷой доштани зӯроварӣ дар оилаҳо;
  • пешгирӣ аз ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта дар соҳаи маориф;
  • пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ;
  • пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта;
  • вобаста ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» (м.90 КҲМ ҶТ);
  • риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (м.481 КҲМ ҶТ) ва ғайраҳо баромад намуданд.

Вохӯрии мазкур бо иштироки зиёди донишҷӯён ва омӯзгорон дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд.