ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ШУКУФОИИ ВАТАН

Ваҳдати Миллӣ — ин лаҳзаҳо ҳамаи мову шумо дар остонаи ҷашни 28-умин солгарди «Ваҳдати Милли», ки муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни миллиамон ба ҳисоб меравад, қарор дорем. Санаи 27-уми июни соли 1997 дар ҳаёти сиёсии мардуми шарифи тоҷик руйдоди хеле муҳиму фараҳбахш ба вуқӯъ пайваст, ки он абадан дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории миллиамон бо ҳарфҳои заррин сапт гардид. Ин санаи муҳими тақдирсоз ба тоҷикон озодиву соҳибихтиёриро ҳадя намуда, имконият фароҳам овард, ки баъд аз ҳазорсолаҳо дубора ба бунёди аркони давлатдори камари ҳиммат банданд. «Ваҳдати Миллӣ» орзуи ҳамешаги ва деринаи ҳар қавму қабоил ва миллатҳои гуногун мебошад.

Аз ҳамин лиҳоз халқияту миллатеро дарёфтан намудан ғайримкон мебошад, ки озодиро нахоҳад, истиқлолу соҳибихтиёриро нахоҳаду барои таҳкиму тақвияти онҳо барои меҳанаш талош накунад.

«Ваҳдати Миллӣ»  арзишмандтарин дастоварди давлатдории тоҷикон буда, он дар сарнавишти халқи куҳанбунёду тамаддунофари мо тағийроти кулӣ ба миён овард ва мардуми шарафманди диёрро ба суи ваҳдатофарӣ, рушди бемайлони иқтисодӣ, ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳои аз бумбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ даъват намуд.

Ваҳдати Миллӣ — Маҳз  ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳиби кунем, давлатдории милли худро барпо намуда, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амали гардонида, зиндагии озодани мардумамонро ба роҳ монем. Ваҳдати Миллӣ ба мо бисёр чизҳо додаст вале боарзиштарин чизе, ки барои миллати мо насиб гардонидааст ин сулҳу субот ва оромии комил аст. Мо мардуми тоҷик бояд дар назар дошта бошем, ки ҳама дастовардҳои беназири мо ҳам дар соҳаи саноату сохтмон, ҳам дар кушодани роҳҳову нақбҳо, роҳҳои оҳан ва дигар соҳаҳо маҳз ба истиқлолияту соҳибихтиёрӣ марбут аст ва пояҳои онро пурқуват гардонем, то бароямон бегазанду ҷовидонӣ бошад. Мардуми сулҳдӯсту сулҳпарварӣ мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳу бунёдкориву созандагиро пеш гирифтааст, ки имрӯз натиҷаҳои беназир ба даст омадаистодааст. Дар ин бора Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд мекунанд, ки «Тамоми мардуми Тоҷикистон хуб огоҳанд, ки то расидан ба дастовардҳои имрӯза мо чи қадар мамониат ва мушкилоти сахту сангинро паси сар кардем. Дар ин давра мо падидаву омилҳои сиёсиву таърихӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллиро дар марҳалаҳои гуногуни таърихии халқамон омӯхта, бо дарназардошти таҷрибаи давлатсозиву давлатдори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтем».

Судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон  — Шарифзода Х.Ш.