ҲУЗУРИ ҲАЙАТИ СУДЯҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
Бо даъвати Суди Олии Халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Коллеҷи миллии судяҳои Чин, ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои судӣ миёни кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ҳайати судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Синтсян-Уйғур (шаҳри Урумчӣ) ва шаҳри Пекин сафар намуда, аз 29 августи то 10 сентябри соли 2025 дар семинари омӯзишӣ оид ба мурофиаи маъмурии судҳои Чин иштирок менамоянд.
Маросими ифтитоҳи семинар бо сухани Муовини раиси Суди миёнаи халқии шаҳри Урумчӣ, ҷаноби Дэн Цзянюан оғоз гардида, роҳбарии ҷаласа аз ҷониби Муовини раиси Суди Олии халқии ВМУ, ҷаноби Чжан Цзянхуа ба уҳда гирифта шуд. Дар доираи барномаи омӯзишӣ иштирокчиён инчунин бо директори Коллеҷи миллии судяҳои Чин мулоқот намуда, дар мавриди таҳкими ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба ибрози андеша карданд.
Дар кори семинар Муовини раиси Суди Олии Хитой, ҷаноби Тао Кайюань, низ баромад намуда, зарурати таҳкими робитаҳои судӣ миёни Тоҷикистону Чинро таъкид ва мубодилаи таҷрибаро омили муҳим барои такмили фаъолияти судӣ арзёбӣ намуд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ширкат доранд:
· Раҳимзода Зарина — раиси суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд;
· Бегмуродзода Исломиддин — раиси суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон;
· Холдорзода Хусрав — раиси суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон;
· Ҳамдамзода Алиҷон — муовини раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон;
· Сатторзода Зебониссо — судяи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон;
· Турсунзода Шаҳло — судяи ноҳияи Рӯдакӣ.
Ҳамзамон, намояндагони суди Ҷумҳурии Тоҷикистон устодони маҳфили омӯзиширо бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.
Дар анҷоми маҳфили омӯзишӣ роҳбари гурӯҳ Ҳамдамзода Алиҷон бо сухани хотимавӣ баромад намуда, ба ташкилкунандагон изҳори сипос баён кард. Иштирокчиён низ бо сертификатҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ин иқдом бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои судӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо роҳандозӣ гардида, заминаи муҳими мубодилаи таҷриба ва омӯзиши низоми мурофиавии судии Чин ба ҳисоб меравад.
Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон