ТАДБИРҲОИ АСОСИИ МУҲОФИЗАТ АЗ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУСИ НАВЪИ COVID-19

Шумо метавонед саломатии худ ва дигаронро аз бемории коронавируси навъи Сovid-19 бо риоя кардани қоидаҳои зерин муҳофизат кунед:

  • Дастони худро мунтазам шӯед

Дастони худро мунтазам бо маҳлули спиртӣ коркард кунед ва ё бо собун шӯед.

Чаро бояд чунин кард? Агар дар сатҳи дастҳо вирус пайдо шуда бошад, коркарди дастҳо бо маҳлули спиртдор ё шустани онҳо бо собун метавонад вирусро бикушад.

  • Аз ҷойҳои ҷамиятӣ ва ҷамшавии одамон худро дур нигоҳ доред

Дар масофаи на камтар аз 1 метр аз одамон дур бошед, хусусан агар онҳо сулфа, обравӣ аз бинӣ ё табларза дошта бошанд.

Чаро бояд чунин кард? Ҳангоми сулфидан ё атса задан шахси дорои вируси сироятӣ ба монанди 2019-nCoV, дар атрофи худ қатраҳои хурди дорои вирусро паҳн мекунад. Агар шумо ба чунин шахс хеле наздик бошед, шумо метавонед тавассути нафасгирии ҳаво вирусро ба организми худ ворид кунед.

  • Агар имконпазир бошад, ба чашм, бинӣ ва даҳони худ даст нарасонед.

Чаро бояд чунин кард? Дастҳои мо ба сатҳи бисёр молу ашëҳо мерасанд, ки дар он ҷо вирус вуҷуд дошта метавонад. Бо даст расондан ба чашм, бинӣ ë даҳон мо метавонем вирусро аз сатҳи пӯст ба дохили организм ворид созем.

  • Гигиенаи нафаскаширо риоя кунед

Ҳангоми сулфидан ва атса задан даҳон ва бинии худро бо рӯймол ё оринҷ пӯшед; Дарҳол рӯймолро ба партов партоед ва дастҳоятонро бо антисептики спиртӣ коркард кунед ё бо собун шӯед.

Чаро бояд чунин кард? Пӯшонидани даҳон ва бинӣ ҳангоми сулфидан ë атса задан ба паҳншавии вирусҳо ва дигар микроорганизмҳо мусоидат намекунад. Агар шумо ҳангоми сулфидан ё атса задан даҳони худро бо дасти худ пӯшед, микробҳо ба дасти шумо ва баъд ба ашёҳо ё одамоне, ки шумо ба онҳо мерасед, мегузарад.

  • Ҳангоми баландшавии ҳарорати бадан, сулфидан ё душворшавии нафаскашӣ, ҳарчи зудтар ба духтур муроҷиат кунед.

Чаро бояд чунин кард? Баландшавии ҳарорати бадан, сулфидан ё душворшавии нафаскашӣ ҳолатҳое мебошанд, ки зуд бояд ба ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат кард, зеро онҳо сабаби вируси сироятии роҳи нафас ё дигар бемориҳои вазнин мебошад. Аломатҳои баландшавии ҳарорати бадан, сулфидан ё душворшавии нафаскашӣ сабабҳои гуногун дорад, аз ҷумла вобаста аст ба ҷойи сафар ва алоқамандӣ бо бемори гирифтори 2019-nCoV.

  • Таваҷҷӯҳ диҳед ба маълумотҳои навтарин ва тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб

Бо маълумоти охирин оид ба COVID-19 бохабар бошед. Тавсияҳои мутахассисони мақомоти марказӣ ва маҳаллии тандурустиро, инчунин ташкилоте, ки дар он ҷо кор мекунед, барои муҳофизат кардани худ ва дигарон аз COVID-19 риоя кунед.

Чаро бояд чунин кард? Мақомоти марказӣ ва маҳаллии соҳаи тандурустӣ маълумоти навтаринро оид ба динамикаи COVID-19 дар минтақаи шумо доранд. Онҳо метавонанд чораҳои муҳофизати мувофиқро барои одамони минтақаи шумо пешниҳод кунанд.

Манбаъ: https://www.who.int/ru/emergencies/diseases/novel-coronavirus-2019/advice-for-public