Табрикоти раиси суди ноҳияи Ёвон муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯзҳо мову шумо ҷашни пуршукӯҳи миллӣ — 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатиро ҷашн мегирем. Ин санаи муқаддасро ба якояки Шумо самимона таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, рӯзгори осоишта ва талошҳои созанда барои пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол таманно дорам.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз истиқлолият заминаи ба миён омадани тамоми пешрафтҳои халқи тоҷик гаштааст. Тамоми пешравиҳо ва дастовардҳои халқи тоҷикро мо самараи истиқлолият гуфта метавонем, чунки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ хеле хуб тараққӣ кардааст.

Воқеан, Истиқлол барои халқи тоҷик яке аз рӯйдодҳои сарнавиштсоз ба шумор меравад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Озодӣ ва Истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишони барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихи миллат ва давлат мебошад».

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар рушд кард. Тавре маълум аст, дар заминаи сулҳу оромии кишвар ва истиқлоли давлатӣ дар баробари дигар дастовардҳои намоён дар умури давлатдорӣ низоми ҳуқуқии кишвар низ мутобиқ ба меъёрҳои пазируфтаи ҷаҳонӣ такмил шуда, дар сохторҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқи кишвар низ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Албатта, таъмини рушди устувор ва таҳаввулоти сохторӣ дар ҳама бахшҳои ҷомеа, аз ҷумла мақомоти судӣ, дар заминаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) ба миён омад. Зеро ин санади олии ҳуқуқӣ принсипҳои ташкили низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва тартиби фаъолияти онҳоро муайян намуда, бори нахуст ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ қонунан муқаррар намуд.

Иқдомҳои саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳбудии фаъолияти судяҳо, қабули қарорҳои қонунӣ ва асоснок баҳри самаранок баамалбарории адолати иҷтимоӣ дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ такони бузург бахшиданд.

Боварии комил дорам, ки кормандони мақомоти судӣ минбаъд низ бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ ва суботи комил дар пешбурд ва амалисозии сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, инчунин, пойдории сулҳу ваҳдат дар ҷомеаи соҳибистиқлол пешраву пешсаф хоҳанд буд.

Имрӯз вақти он расидааст, ки шукронаи муқаддасоти ҷовидона  намуда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳоло Тоҷикистон дар арсаи нанг қарор дорад ва ҳар як фарди бошарафу номуси кишварро зарур аст, ки бо меҳнати софдилонаву содиқона баҳри абадиву пойдории ин неъмати бебаҳову пурарзиш саъю талош намояд. Зеро маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии давлат имрӯз ҳар фарди меҳнатқарину ватандӯсти тоҷик, дар атрофи ормонҳои сарнавиштсози миллӣ ба зиндагии шарафманди пурсаодат ва рӯзгори осуда расидааст.

Дар ин рӯзи фархунда беҳтарин хушиҳои рӯзгорро бароятон орзу намуда, баҳратон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва ҳифзи дастовардҳои комёбиҳои тоза таманно дорам. Орзумандам, ки ин санаи пурарзиш ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат, фатҳу нусрат ва бахту саодатро арзонӣ намояд.

Ҷашни Истиқлол муборак!