Табрикоти муовини раиси суди ноҳияи Ёвон Ҳамдамзода А.В. — бахшида ба Рӯзи кормандони судӣ

Муҳтарам роҳбарият, ҳамкасбони азаз!

Имрӯз мо дар арафаи як рӯзи муҳиму пуршараф – Рӯзи кормандони мақомоти судӣ қарор дорем.

Ин сана барои ҳар як намояндаи мақомоти судӣ рамзи масъулият, адолат ва эҳтиром ба қонун мебошад.

Суди миллӣ ҳамчун такягоҳи иҷтимоӣ ва кафили ҳифзи ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, нақши беназире дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд дорад. Маҳз тавассути фаъолияти софдилона ва поквиҷдонии кормандони суд, эътимоди мардум ба қонун ва адолат тақвият меёбад.

Имрӯз кормандони мақомоти судӣ на танҳо ҳукм мебароранд, балки ба тарғиби эҳтиром ба қонун, фарҳанги ҳуқуқӣ ва устувории давлатдорӣ саҳми калон мегузоранд.  Дар шароити рушди давлатдории миллӣ ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ, нақши судҳо ва кормандони дастгоҳи суд боз ҳам муҳимтар мегардад.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи  кормандони соҳаи суд изҳори миннатдорӣ менамоям. Ба Шумо, ҳамкасбони гиромӣ, саломатии бардавом, бурдборӣ, поквиҷдонӣ ва муваффақият дар иҷрои ин вазифаи пурмасъул орзу мекунам.

Бигзор адолат ҳамеша роҳнамои кору зиндагонии мо бошад!

Рӯзи кормандони мақомоти судӣ муборак бод!