Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 24 ноябри соли 2021 дар Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд чорабинии табрикотӣ баргузор гардид.
Раиси Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни сухани ифтитоҳиаш кормандонро бо ин муносибат табрик ва таҳният намуда, иброз дошт, ки имрӯз мо Иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои муҳими давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда истодаем.
Воқеан ҳам ҳеҷ як давлати соҳибистиқлолро бе доштани рамзҳои давлатӣ аз ҷумла, Парчами давлатӣ тасавур кардан ғайриимкон аст.
Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор мерафтааст. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедодгарӣ ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тўли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст.
Вақте ки мо имрўз – дар оғози асри бистуяк ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд.
Хушбахтона, баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав соҳиби парчами миллӣ – рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёр гардид. Санаи қабули Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми кишвар ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ истиқбол гирифтанд.
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.
Бо дарназардошти ин ва инчунин ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус насли наврасу ҷавонон соли 2010 бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони парчам» номгузорӣ шуд. Ҳамчунин манораи парчами мазкур санаи 30 августи соли 2011 бахшида ба ҷашнгирии 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шуда, дарозии манораи парчами мазкур аз 165 метр иборат буда, дар он давра ҳамчун манораи парчами баландтарини олам ба Китоби рекордҳои Гинесс дохил карда шудааст.
Ҳар як фарде, ки имрӯз ба назди Парчам ва Нишони миллӣ меояд, хуб эҳсос мекунад, ки ин ду рамз ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудаанд.
Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст.
Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.
Зикр намудан ҷоиз аст, ки Парчам дар баробари рамзи давлатӣ буданаш ба мақомоти судии кишвар муққаддасоти хоси худро доро мебошад, зеро шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст маҳз дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад. Зиёда аз ин, дар болои бинои суд, дар толор ва утоқҳои кории Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳо Парчами давлатӣ ва тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.
Бояд ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик аз Парчами миллии худ ифтихор намуда, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин намояд.
Ҷашни парчами давлатӣ мо ҷавононро беш аз ҳарвақта водор менамояд, ки бо мавқеи қавии сиёсӣ дар ҷомеа баҳри ободию пешрафти Ватани азизу маҳбубамон тавассути меҳнати аҳлонаю бунёдкоронаи ҳамарӯза ҳиссагузор бошем.
Дар ин ҷамъомад, ҳамчунин, муовини якуми раиси суд Иброҳимзода Шамсиддин, муовини раиси суд Ҳукуматзода Муҳаммад, судя Садирзода Рустам ва дигарон оид ба нақши Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ суханронӣ намуданд.