Таҳдид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда

Санаи 2 июли соли 2021 аз ҷониби Раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон парвандаи ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Тағайқулов Абулаҳат Ҳасанович, 16 марти соли 1973 таваллудаш, зодаи ноҳияи Ёвон, миллаташ узбек, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёнаи махсус, оиладор соҳиби 5 нафар фарзанд, муваққатан бекор, қаблан ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида нашудааст, сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти-Нав, деҳаи С.Шерозӣ, хонаи берақам, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо қисми 1 моддаи 328 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар рафти мурофиаи судӣ аз ҷониби суд муайян гаштааст, ки ҳуқуқвайронкунанда Тағайқулов Абулаҳат Ҳасанович санаи 12июни сол 2021, соатҳои 10:00 дақиқа бо автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатиаш 69 51 NN 01, дар роҳи мошингарди ноҳияи Ёвон, деҳаи А.Навоӣ, дар ҳаракати гуруҳӣ иштирок намуда, ба бехатарии ҳаракат таҳдид намудааст, ки дар натиҷа автомашинаи ӯ аз ҷониби кормандони ШБДА ШВКД дар ноҳияи Ёвон боздошт гардидааст.
Суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Тағайқулов Абулаҳат Ҳасановичро бо қисми 1 моддаи 328 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои иштироки ронандагони мототсиклҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати муштарак дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, ки ба ҳаракат дар роҳ халал мерасонанд ё ба бехатарии ҳаракат таҳдид менамоянд, банду баст намудааст.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Тағайқулов Абулаҳат ба гуноҳаш иқрор гашта, изҳори пушаймонӣ намудааст.
Аз ҷониби суд гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда Тағайқулов Абулаҳат Ҳасанович дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии мазкур, ба ғайр аз худиқрориаш боз бо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар маводҳои парванда, тасдиқ гардидааст.
Ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содиршуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, вазъи молумулкӣ ва оилавии ҳуқуқайронкунанда Иброҳимов Акбута Раҷабалиевич ба инобат гирифта шуда, ӯ дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо қисми 1 моддаи 328 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ҳамин қисми модда ҷазои ҷарима ба андозаи 3 (се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 180 (яксаду ҳаштод) сомонӣ ба фоидаи давлат, таъин карда шудааст.
- Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо нишон додани суроғаи сомона http://yovon.sud.tj иҷозат дода мешавад.