Таҳдид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронанда
Санаи 10 январи соли 2022 аз ҷониби раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Абдуллозода Ҷ.А. парвандаи ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ғ.Қ.А, 5 апрели соли 1995 таваллудаш, зодаи ноҳияи Ёвон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёнаи махсус, оиладор соҳиби 2 нафар фарзанд, муваққатан бекор, сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов, деҳаи Зулмобод, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо қисми 1 моддаи 328 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар рафти мурофиаи судӣ муйян гаштааст, ки ҳуқуқвайронкунанда Ғ.Қ.А. дар таърихи 20 декабри соли 2021, тахминан соатҳои 10:20 дақиқа бо автомашинаи шахсиаш тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами давлатиаш 99 22 SС 01, дар роҳи мошингарди ноҳияи Ёвон, деҳаи Ғарав, дар ҳаракати гурӯҳӣ иштирок намуда, ба бехатарии ҳаракат таҳдид намудааст, ки дар натиҷа автомашинаи ӯ аз ҷониби кормандони ШБДА ШВКД дар ноҳияи Ёвон боздошт гардидааст.
Суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Ғ.Қ.А.-ро бо қисми 1 моддаи 328 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои иштироки ронандагони мототсиклҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати муштарак дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, ки ба ҳаракат дар роҳ халал мерасонанд ё ба бехатарии ҳаракат таҳдид менамоянд, банду баст намудааст.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Ғ.Қ.А. ба гуноҳаш иқрор гашта, изҳори пушаймонӣ намудааст. Аз ҷониби суд гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда Ғ.Қ.А. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии мазкур, ба ғайр аз худиқрориаш боз бо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар маводҳои парванда, тасдиқ гардидааст.
Ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содиршуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, вазъи молумулкӣ ва оилавии ҳуқуқайронкунанда Ғ.Қ.А. ба инобат гирифта шуда, ӯ дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо қисми 1 моддаи 328 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ҳамин қисми модда ҷазои ҷарима ба андозаи 3 (се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 180 (яксаду ҳаштод) сомонӣ ба фоидаи давлат, таъин карда шудааст.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо нишон додани суроғаи сомона http://yovon.sud.tj иҷозат дода мешавад.