Сухани табрикотии раиси суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷамолиддин бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ

Ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар таъмини қонунияту адолати иҷтимоӣ саҳмгузоранд, ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти судӣ табрик менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 21 ноябри соли 2019 зимни суханронии худ ҳангоми мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ, мақому манзалат ва мавқеи ҳокимияти судиро дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ намуда, аз ҷумла таъкид бар он доштанд, ки «Вазифаҳои ҳокимияти судӣ ва таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии тарафҳо дар ҷараёни баҳсу мунозира ва ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад».
Муайян аст, ки вазифаҳои ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии тарафҳо дар ҷараёни баҳсу мунозира ва ба тарзи ошкоро баргузор гардидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин яке аз меъёрҳои чун ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ таъсис ва рушд ёфтани Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Бояд ёдовар шуд, ки ба хотири баланд бардоштани нуфузи мақомоти судӣ санаи 2 январи соли 2018, таҳти №1480 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, минбаъд рӯзи 26 октябр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти судӣ муайян гашт, зеро соҳиб гардидан ба Иди касбӣ боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як корманди мақомоти судии кишвар ба ҳисоб меравад.
Бори дигар Иди касбиро табрик гуфта, ба шумо дар таъмини адолати қонунӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва пиёдасозии накўтарин ормонҳои давлатдорӣ дар роҳи татбиқи сиёсати адолатпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барору комёбиҳо хоҳонам.
Бо камоли эҳтиром,
АБДУЛЛОЗОДА ҶАМОЛИДДИН
раиси суди ноҳияи Ёвон